Таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди маркази ноҳияи Ванҷ пурра ба анҷом расид

Ноябрь 12, 2019 15:51

ХОРУҒ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди кӯчаи марказии ноҳияи Ванҷ пурра ба анҷом расид. Сутунҳои чароғҳои барқӣ аз ду тарафи роҳ дар масофаи зиёда аз 3 километр ба мусофирон имконият медиҳанд, ки онҳо бе мушкилӣ дар кӯчаи марказӣ сайру гашт намоянд.

Муовини аввали раиси ноҳия Азимҷон Шамсиддинзода гуфт, ки «чанд сол пеш роҳи марказӣ воқеан хеле хароб, тангу торик ва пур аз обу лой буд. Ҳоло симои он ба таври куллӣ тағйир ёфтааст. Роҳҳои мошингард ва пиёдагард мумфаршу васеъ ва равшан шудаанд».

Дар мулоқоти ахири худ дар ин ноҳия Пешвои миллат ба сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ дастур дод, ки ободкорию созандагиро идома дода, роҳҳои мошингарду пиёдагарди деҳоти атрофи маркази ноҳияро васеъ ва мумфарш намоянд.

Бо дастури Пешвои миллат барои навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои мошингарду пиёдагард ва чароғонкунӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Роҳи тоҷик» ба уҳда гирифта, тамоми техникаву механизмҳои муосири роҳсозӣ ба ин ноҳия интиқол дода шуданд. То имрӯз роҳсозон ба маблағи 536 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонданд.

Намояндаи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Ғулом Алиев гуфт, ки «қариб нисфи роҳи мошингарду пиёдагарди ду кӯчаи маркази ноҳия мумфарш гардонида шудааст. Ҳоло коргарон ҷӯйборҳои сари роҳро, ки боиси харобии роҳ мегарданд, аз нав бунёд мекунанд. Ба сифати кори коргарон ҳам мутахассисони Вазорати нақлиёт ва ҳам мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аҳамияти ҷиддӣ равона кардаанд. Кӯшиш мекунем, ки роҳҳои мошингард ва пиёдагарди ноҳия пурра таъмиру тармим шуда, солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат расонанд».

Ноябрь 12, 2019 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад