Тоҷикистон ба робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Хубэйи Чин вусъат мебахшад
ДУШАНБЕ, 12.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва музофоти Хубэйи Чин, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва музофоти Хубэйи Чин бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти тиҷорати музофоти Хубэй созмон дода шуд. Дар ҳамоиш доир ба имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хубэй Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода, директори Департаменти тиҷорати музофоти Хубэй Сзинь Сзюн, мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷорати Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Ян сухан карданд.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Чин, хусусан музофоти Хубэй буда, алҳол як зумра ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатии музофоти Хубэй дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат, истеҳсоли семент, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон иштироки фаъол доранд.
Директори Департаменти тиҷорати музофоти Хубэй Сзин Сзюн зикр кард, ки музофот дар татбиқи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» иштироки фаъол дорад. Гуфта шуд, ки татбиқи тарҳи мазкур барои ба хориҷа содирот намудани иқтидори тавлидотии музофот мусоидат менамояд.
Таъкид шуд, ки музофоти Хубэй дар қисмати марказии Чин дар канори дарёи Янсизи ҷойгир буда, масоҳаташ 185 900 километри мураббаъ ва аҳолияш 61 миллион нафарро ташкил медиҳад. Зимни муаррифии иқтидори саноатию тавлидотии музофоти Хубэй гуфта шуд, ки он дорои заминаи муқтадири тавлидотӣ ва низоми пурраи истеҳсолӣ мебошад. Соли 2018 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Хубэй 3,94 триллион юанро ташкил дода, дар Чин мақоми 7-умро ишғол намуд. Ҳамзамон ҳаҷми умумии содирот ва воридот ба 52,8 миллиард доллари амрикоӣ баробар гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти тиҷорати музофоти Хубэй, инчунин миёни Ассотсиатсияи Агробизнеси Тоҷикистон ва Палатаи содирот ва воридоти музофоти Хубэйи Чин созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Инчунин дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ доир ба имконият ва иқтидори саноатии музофоти Хубэй таҳти унвони «Ин аст музофоти Хубэй» ва «Аз канори рӯди Янсизи- роҳ ба сӯи ҷаҳон» видеоролик намоиш дода шуд, ки муаррифи иқтидори саноатию тавлидотии музофоти Хубэй буданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».










Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






