«Тоҷикстандарт» дар анбори ҶДММ «Сомон 2017» дар шаҳри Бӯстон 60 тонна равғани пахтаи ғайристандартӣ ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») дар вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон 60 тонна равғани пахтаи ғайристандартӣ, ки маблағи умумии он 407261 сомониро ташкил медиҳад, ошкор намуданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, мутахассисони шуъбаи баҳодиҳии мутобиқат бо дархости ҶДММ «Элита Тиҷорат» дар анбори ҶДММ «Сомон 2017» дар шаҳри Бӯстон корҳои сертификатсионӣ гузаронида, аз 60 тонна маҳсулоти равғани пахта намуна гирифта, ба озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ барои ташхис супориданд.
Ташхис нишон дод, ки 60 тонна равғани пахтаи софкардашудаи доғнакардаи навъи якуми воридотӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои номаълум будани санаи истеҳсол, мавҷудияти бӯйҳои бегона ва баланд будани рангнокӣ ба талаботи СБД 1128-75 ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ” мутобиқат намекунад.
Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока» соҳиби маҳсулоти хатарнок уҳдадор шуд, ки давоми 10 рӯзи корӣ онро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад. Бо дарназардошти ин, дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти гумрук миқдори умумии 60 тонна равғани пахтаи ғайристандартӣ, ки маблағи умумии он 407261 сомониро ташкил мекунад, 30 октябр тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бароварда шуд.
Раёсати «Тоҷикстандарт» бо истифода аз фурсат аз ҳамаи соҳибкорону воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ хоҳиш менамояд, ки дар вақти ворид намудани молу маҳсулот ба қаламрави мамлакат манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба ворид гаштани маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ надиҳанд.








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






