Ҳунарпешаи ӯзбек Озода Нурсаидова: «Данғара маро мафтун намуд»

Ноябрь 15, 2019 10:32

ДУШАНБЕ, 15.11.2019./АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешаи ӯзбек Озода Нурсаидова дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 13 ноябр дар ҳайати ҳунармандони кишвараш аз ноҳияи Данғара дидан карда, изҳор дошт, ки бори аввал ба ин ноҳияи Тоҷикистон сафар кард ва табиати зебо, мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин мавзеъ ӯро мафтун сохтанд.

«Сипосгузорам аз роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар натиҷаи ҷаҳду талоши онҳо мардумони мо беш аз пеш бо ҳам қаробат пайдо карда, мо – аҳли ҳунари ду давлати дӯст имконияти баргузории чунин барномаҳои фарҳангиро пайдо намудем», — афзуд О. Нурсаидова.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 13 ноябр ҳайати ҳунармандони маъруфи ӯзбек бо роҳбарии Сафири Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуд.

Тавре аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмононро дар назди Қасри навбунёд ва бошукӯҳи фарҳанги ноҳияи Данғара муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия таҳти навои мусиқӣ бо нону асал ва гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.

Сипас, меҳмонон аз толори китобхона, Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Қасри фарҳанг дидан намуданд.

Баъд аз тамошои қаср вохӯрии расмии муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон, Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва мушовири вазири фарҳанги Ӯзбекистон Мавлуда Аскархӯҷаева сурат гирифт.

Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими робитаҳо ва роҳандозии ҳамкории вилоят ва ноҳия бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳо баррасӣ гардиданд.

Инчунин ҳайати расмии меҳмонон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Р. Раҷабов ба Донишгоҳи давлатии Данғара рафта, бо ректори донишгоҳ Нуралӣ Шоҳиён вохӯрӣ анҷом дод. Меҳмонон дар толори фарҳангии донишгоҳ бо донишҷӯён мулоқот намуда, оид ба шароити таҳсил ва равияҳои тахассусӣ дар ин муассисаи олии таълимӣ маълумот гирифтанд.

Зикр гардид, ки дар донишгоҳи мазкур зиёда аз 60 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоянд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов пешниҳоди маъмурияти Донишгоҳи давлатии Данғараро ҷиҳати вусъати равобит миёни мактабҳои олии ду давлат амри зарурӣ шуморида, таъкид намуд, ки чунин ҳамкорӣ метавонад дар самти омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногун, ташкили бозомӯзии мутахассисон, тайёр кардани олимон, табодули таҷрибаҳои илмию таълимӣ таконбахш бошад.

Баъдан дар Қасри фарҳанг бо суханронии раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов барномаи бошукӯҳи фарҳангии Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон шурӯъ гардид.

Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон иброз намуд, ки дар як соли охир як миллиону 701 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва тақрибан ҳамин қадар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар намудаанд.

“Халқи тоҷик ва ӯзбек аз қадим дар ҳамсоягиву бародарӣ зиста, урфу одат, анъана, тарзи рӯзгордории ягона доранд. Дар дунё мисли халқҳои тоҷику ӯзбек дигар ду халқе нест, ки то ин андоза бо ҳам дӯсти наздик бошанд. Танҳо дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон соли гузашта 54 созишномаи ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф ба имзо расиданд, ки ҳамаи ин санадҳо татбиқ шуда истодаанд. Ин аз шарикии боэътимоду устувори стратегии ду давлати ҳамсоя дарак медиҳад»,- иброз дошт сафир.

Сипас, барнома оғоз гардида, рақсу сурудҳои ҷаззоби ӯзбекӣ манзури аҳли толор гардиданд. Хусусан ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Абдуҳошим Исмоилов, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, ҳунарпешаҳои хушсалиқа Озода Нурсаидова, Умед Исроилов ва Нафиса Фармонова, ансамбли “Мақом” ва ансамбли рақсии “Тошкент зеболари” аҳли толорро мафтун намуданд.

Қобили зикр аст, ки халқҳои тоҷику ӯзбек садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану ҳаммонанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлуи ҳам зиндагӣ доранд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар барномаи «Шоми дӯстӣ» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иброз намуда буданд: «Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанданд. Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории тоҷику ӯзбек мебошанд. Ниёгони шарафманди мо давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд. Ин мероси ниёгони мо сармояи бузурги маънавӣ буда, ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем».

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2019 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид