Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби генералии «Интерпол» вохӯрӣ намуд

Ноябрь 1, 2019 10:05

ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар доираи баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Калкани «Интерпол», ки аз 31 октябр то 1  ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  бо Котиби генералии «Интерпол» Юрген Шток вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд.

«Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҷустуҷӯи шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордоштаро мавриди  баррасӣ қарор доданд», — афзуд манбаъ.
Рамазон Раҳимзода  ва  Юрген Шток  баҳри  тақвияти ҳамкории минбаъда дар самти мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа  як зумра  таклифҳои судманд пешниҳод  намуданд.

Ёдовар мешавем, ки   Калкан  яке аз лоиҳаҳои калидии минтақавӣ мебошад,  ки дар доираи гурӯҳи фаврии Интерпол  моҳи сентябри соли 2002 таъсис ёфтааст.  Вазифаи он ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули иттилоот дар бораи ташкилотҳои террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Калкан  соли 2004 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Ноябрь 1, 2019 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд