Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби генералии «Интерпол» вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар доираи баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Калкани «Интерпол», ки аз 31 октябр то 1 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Котиби генералии «Интерпол» Юрген Шток вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҷустуҷӯи шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордоштаро мавриди баррасӣ қарор доданд», — афзуд манбаъ.
Рамазон Раҳимзода ва Юрген Шток баҳри тақвияти ҳамкории минбаъда дар самти мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа як зумра таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Калкан яке аз лоиҳаҳои калидии минтақавӣ мебошад, ки дар доираи гурӯҳи фаврии Интерпол моҳи сентябри соли 2002 таъсис ёфтааст. Вазифаи он ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули иттилоот дар бораи ташкилотҳои террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Калкан соли 2004 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.








РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд






