Занони тоҷик дар ҷомеа ҳамчун неруи созанда муаррифӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 23.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Занон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа» маҳфили маърифатию тарбиявӣ баргузор гардид. Дар он бонувони фаъоли ҷумҳурӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Меҳмонон ва иштирокчиёни маҳфил аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии донишҷӯдухтарони факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳ дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд. Хусусан таваҷҷуҳи иштирокчиёнро лаҳзаҳо аз фаъолияти занони сарвар, варзишгар ва ҳунарманд, ки аз ҷониби донишҷӯдухтарон намоиш дода шуд, ҷалб намуд.
Дар маҳфил декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Қутбиддин Муқимов доир ба манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи тоҷик ибрози назар кард.
Сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалисозии он зина ба зина тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Ба андешаи номбурда, қабули як силсила фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, консепсияҳо ва нақшаву барномаҳои давлатӣ ба баланд бардоштани мақоми зан такони ҷиддӣ бахшиданд.
Зикр шуд, ки имрӯз мавқеи зан дар ҷомеа боло рафта, тибқи маълумоти оморӣ, айни замон хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон 23,4 фоизро ташкил медиҳанд. Феълан барои омода кардани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарон курсҳои махсус, аз қабили «Мактаби сарварони ҷавон», «Дипломатия», «Менеҷменти муосир» амал мекунанд. Ҳамасола дар онҳо духтарони болаёқат аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок менамоянд.
Дар охир аз ҷониби духтарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон намоиши либосҳои миллӣ доир гардид.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






