2000000 ТОННА! Дар Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи ангишт ба чунин миқдор расонида шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз 2 миллион тонна расонида шудааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти Тоҷик»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 100 маротиба зиёдтар мебошад. Зикр гардид, ки талаботи истифодабарандагон -корхонаҳои саноатӣ-энергетикӣ ва хоҷагии халқ пурра бо ангишт таъмин карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон КФ «Шахтаи Фон-Яғноб», Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Корхонаи металлургии Тоҷик», ҶДММ «Талко- Ресурс», КФ «Зиддӣ» ва дигар корхонаҳо ба истихроҷи ангишт машғуланд.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва Покистон ангишт содирот карда шудааст.
Ҳар сол дар дунё садҳо миллион тонна ангишт истеҳсол карда мешавад. Дар ҷаҳон Чин, ИМА, Ҳиндустон, Австралия ва Индонезия, дар байни кишварҳои ИДМ Россия, Украина ва Қазоқистон аз ҳама бештар ангиштсанг истеҳсол ва содирот менамоянд. Ангишт яке аз захираҳои қадима ва маъмули энергетикӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, талабот ба он сол то сол меафзояд (ниг. ба ҷадвали поён).










Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






