29 — САНАИ РАМЗӢ: баландии арчаи Душанбе — 29 метр, соли 2020 дар Тоҷикистон 29-солагии Истиқлолият таҷлил мешавад

Декабрь 12, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази майдони «Дӯстӣ»-и  шаҳри Душанбе, воқеъ дар  паҳлӯи  Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ   бо баландии 29 метр насб гардид.

Табиист, ки арча бо назардошти баландиаш аз маводи сунъӣ сохта шудааст, аммо ин ба шукуҳу зебоӣ ва  намуди табиӣ доштани он халал намерасонад.

Баландии арчаи солинавӣ ва мувофиқати он ба Истиқлолият

Теъдоди ками одамон медонанд, ки ҳар сол арчаи солинавӣ дар шаҳри Душанбе як метр «баланд мешавад». Моҳи декабр ба сохтори металлӣ як зинаи дигар пайванд карда шуд, то баландии арчаи солинавӣ  ба шумораи солҳои ҷумҳурии соҳибистиқлол мувофиқат кунад. Имсол баландии дарахти рамзӣ ба 29 метр расид, зеро соли 2020 Тоҷикистон 29-солагии Истиқлолиятро ҷашн мегирад.

Ороиши дарахти солинавӣ ҳар сол тағйир меёбад. Имсол ба оро додани он  мутахассисони тоҷик машғул буданд ва зиёда аз 20 нафар дар сохтани  чорчӯба иштирок карданд. Инчунин таҷаллии (эффектҳои) махсуси солинавӣ дар шакли барфак ва чароғакҳои дурахшон бо табрикоти Соли нави 2020 бо забонҳои гуногун дар арчаи имсола насб гардидаанд.

Илова бар ин, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе арчаҳои солинавии   ҳаҷман хурд  насб карда мешаванд, то ба пойтахт ҳусни дигар зам намоянд.

Таърихи Соли нав ва Юлий Сезар

Соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар қисмати зиёди ҷаҳон онро  таҷлил менамоянд. Он аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46-и  то мелод, яъне 2056 сол пеш императори Рум Юлий Сезар якуми январро ҳамчун рӯзи аввали соли нав қабул намуда буд. Соли навро бе насбу оро додани дарахти арча тасаввур кардан ғайриимкон аст. Анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ  дар Тоҷикистон аз  даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидо мегирад.  Шурӯъ аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ  то  ҳоло  якуми январ ҳамчун   оғози соли нави  мелодӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дарахти арча як ҷузъи анъанавии ҷашнӣ дар бисёр мамлакатҳои  ҷаҳон мебошад. Он  ибтидои асри нав дар анъанаҳои шаҳрдории Германия пайдо шуда буд. Шурӯъ аз асри XIX он дар Россия, ҷаҳони англосаксон ва бисёр мамолики дигар маъруфият пайдо кард.

Дарахти арча чун дарахтони сӯзанбарг ё  санавбар бо ороишоти махсуси солинавӣ, шамъҳо ё лампаҳо оро дода шуда, барои гузаронидани ид дар хонаҳо ва кӯчаҳо гузошта мешавад.

Чаро арча дарахти ҳамешасабз аст?

Дар фасли тирамоҳ баргҳои дарахтон зуд ранг иваз мекунанд- зард ё сурх ва пажмурда шуда, меафтанд. Аммо дарахтони хордору ҳамешасабзи сӯзанбарг ба реҷаи умумӣ мувофиқат намекунанд. Маълум мешавад, ки барои ин сабабҳои мантиқие вуҷуд доранд.

Ҳама баргҳои ҷавон сабзанд, ки онро хлорофилл таъмин мекунад. Ба туфайли ин модда фотосинтез рух медиҳад — раванде, ки растаниҳоро бо ғизо таъмин мекунад. Он дар ҳузури нури офтоб рух медиҳад ва таъсири «паҳлӯ» -и он баровардани оксиген ба атмосфера аст. Шабона, вақте ки аз сабаби торикӣ растаниҳо фотосинтез ҳам карда наметавонанд, онҳо ба монанди ҷонҳои одии заминӣ нафас мекашанд, оксигенро нафас мегиранд ва гази оксиди карбон хориҷ мекунанд. Танҳо мавҷудияти равшанидиҳанда ба онҳо имкон медиҳад, ки ба таври гуногун амал кунанд. Дар мамлакатҳои гарм, ки дар он ҷо сардии харобиовар барои гиёҳ нест ва нури офтоб дар тӯли тамоми сол вуҷуд дорад, растаниҳои маҳаллӣ ҳамешасабз боқӣ мемонанд.

Арчаи Мартин Лютер

Баҳсҳо то ҳол идома доранд, ки кай ва дар куҷо  дарахти арча бори аввал ба таври қонунӣ  насб шудааст. Бино ба маълумоти мухтасар дар бораи ин маросим гӯё он соли 1510 дар Рига ба вуҷуд омада будааст. Тафсилот хеле кам аст, аммо навишта шудааст, ки пас аз ид дарахти арча сӯзонида мешудааст. Аксар вақт аввалин дарахти арча ҳамон дарахте шинохта мешавад, ки Мартин Лютер дар хонаи худ барои ҷашнгирӣ насб карда буд. Лютер соли аниқи ин ҳодисаро қайд накардааст, аммо тибқи баъзе сарчашмаҳо  он ба ибтидои асри XVI рост меояд.

Азбаски масъалаи «аввалин дарахти арча дар Аврупо» аҳамияти назарраси сайёҳӣ ва  молиявӣ дорад, дар арафаи Соли нави 2011 байни Рига ва Таллин низ дар масъалаи афзалияти дарахти арча низои воқеан дипломатӣ сар зад. Муҳаққиқони Эстония далелҳоеро дарёфтанд, ки дар Таллин дарахт 400 сол қабл аз Рига, яъне ҳатто қабл аз аввалин ёдоварии худи шаҳр- соли 1154 насб шудааст.

Пайдоиши арча ҳамчун рамз

Дарахти арча ҳамчун рамзи соли нав аввали асри XIX дар хонаҳои немисҳои Санкт-Петербург пайдо мешавад. Дар арафаи Соли нав арчаи  хурди рӯимизӣ  дар кунҷи меҳмонхона гузошта шуда буд ва дар соати муқаррарӣ падари оила рӯпӯшро аз болои арча мекашид.

Аввалин дарахти солинавии оммавӣ соли 1852 дар бинои истгоҳи Екатерингофски Санкт-Петербург устувор карда шуда буд. Як тарафи дарахти бузурге, ки дар толори истгоҳ насб шуда буд,  ба девор такя мекард ва тарафи дигараш бо пораву коғазҳои ранга оро ёфта буд. Дере нагузашта, арчаҳоро дар биноҳои маҷлисгоҳи дворянӣ, клубҳо, театрҳо ва дигар ҷойҳо насб мекарданд.

Арчаи бузургтарин дар ҷаҳон

Мувофиқи китоби “Рекордҳои Гиннес” соли 2009 баландтарин дарахти арчаи солинавӣ дар ҷаҳон  дар хиёбони Пасио-де-ла- Реформа дар Мехико насб карда шуд, ки диаметри он 35 м ва баландиаш 110,35 метр буд, ки ба баландии бинои 40-ошёна баробар аст.

Давоми ду моҳ арчаи  солинавиро 200 коргар насб карданд. Барои ин ба онҳо истифодаи миқдори зиёди иншооти металлӣ бо вазни умумии 330 тонна ва гирляндҳои электрикӣ, ки дарозии умумии онҳо тақрибан 80 000 метрро ташкил мекард, зарур  омад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Агентии таҳлилии «ТурСтат» раддабандии арчаҳои солинавии пойтахтҳои давлатҳои ИДМ-ро дар ҷашни солинавии 2019 аз рӯи баландиашон пешниҳод намуд. Бино ба маълумоти «ТурСтат», арчаи солинавии Душанбе бо зебоӣ ва баландии 28 метр аз арчаҳои ҷашнии Москва (27 м), Остона (25 м), Бишкек (25 м) ва Тбилиси (25 м) пешсаф буд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 12, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд