ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби оилаи Сайфуллоевҳо Маркази саломатӣ бунёд ва 2 км роҳи маҳаллӣ мумфарш гардид

Декабрь 10, 2019 14:14

ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо иштироки  Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва сокинони ҷамоат  дар фазои идона Маркази саломатии деҳаи Батош ба истифода дода шуд.   Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии оилаи Сайфуллоевҳо сохта шуд. Бинои мазкур аз таҳхона, 2 ошёна ва 24 ҳуҷраи тиббӣ иборат буда, барои расонидани хизмати тиббии рӯзона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, 27 нафар кормандони соҳаи тандурустиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд.

Илова ба ин дар деҳа аз ҷониби оилаи Сайфуллоевҳо 2 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, бо маблағи беш аз 2 млн сомонӣ корҳои ободонӣ анҷом дода шуданд.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода гуфт,  ки “дар баробари дигар мардуми мамлакат сокинони ватандӯсти шаҳри Турсунзода дар ободонии Ватан ва иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ман бо истифода аз фурсати муносиб ба оилаи Сайфуллоевҳо аз номи Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуда, боварӣ дорам, ки минбаъд низ дар ободонии ватани азизамон саҳми муносиби худро мегузоранд”.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода кормандони маркази саломатии деҳаро бо ифтитоҳи чунин иншооти муосир табрик намуда, даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи саломатии сокинон содиқона хизмат намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази мазкур як таҷҳизоти муосири ултрасадо ва барои 10 маъюб аробачаи маъюбӣ ҷудо намудааст, ки рӯзҳои наздик дастраси  марказ мешавад.

Соҳибкор Фирӯз Сайфуллоев зикр намуд, ки ҷиҳати хизматрасонии саривақтӣ ва босифати тиббӣ ояндаи наздик ба маркази саломатии Батош боз як нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим менамоянд.

Декабрь 10, 2019 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем