Айём Хабиров дар чемпионати самбо соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Самбочии Россия Айём Хабиров, ки зодаи Тоҷикистон аст, дар Чемпионати XXV Федератсияи умумиҷаҳонии самбои ҷангӣ соҳиби медали тилло гардид, хабар медиҳад рӯзноманигор Хилватшо Хоҷаев дар сомонаи фейсбукии худ.
«Боз як хушхабар!» Боз як қаҳрамони дигар! Инак, ғолиби Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо боз зери парчами Тоҷикистон қарор дорад!», — чунин навиштааст Хоҷаев дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ.
14 декабри соли равон Чемпионати умумиҷаҳонии самбои ҷангӣ дар шаҳри Твер анҷом ёфт. Хабиров дар вазни то 57 кило қувваозмоӣ намуд.
Зикр гардидааст, ки варзишгарро ба мусобиқа мураббии тоҷик Рустам Одинаев омода намудааст.
Дар қувваозмоӣ варзишгарони зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд. Мусобиқа аз рӯи се намуд доир гардида, ҳамчунин як қатор бахшҳо барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва соҳаи ғайридавлатии амният пешбинӣ шуда буд.
Тоҷикистонро варзишгари ММА Айём Хабиров намояндагӣ мекунад. Ӯ фаъолияти касбии хешро соли 2016 оғоз намуда, то ҳол дар 6 муҳориба ширкат варзида, 4 бор пирӯзӣ ба даст оварда, 2 маротиба мағлуб шудааст. Вай дар рақобатҳои гуногун бо ҳарифон Гаҷӣ Абдусаламов, Искандар Ризоев, Алехандер Лапигин рӯ ба рӯ шудааст.

ДАР АКС: Айём Хабировро Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо ғалабаи навбатӣ табрик мегӯяд. Акс аз бойгонӣ








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






