Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Саразми бостон ҳамчун шаҳр ва маркази тамаддуни тоҷикон ифтихори миллати тоҷик аст»

Декабрь 20, 2019 11:45

ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Саразми бостон ҳамчун шаҳр ва маркази тамаддуни тоҷикон ифтихори миллати тоҷик аст. 5500- солагии ин мавзеи таърихӣ нишони он аст, ки халқи тоҷик аз қадимулайём мардуми бумӣ  ва кишоварзу ҳунарманд мебошанд. Бозёфтҳои аз Саразми бостон пайдошуда далели ин гуфтаҳоянд. Ин нуктаро президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни як конфронси илмиву амалӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронси мазкур, ки таҳти унвони «Саразм- оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон» доир гардид, олимону муҳаққиқон ва таърихнигорону бостоншиносон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2018 дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ ҳоло таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, татбиқи нақшаи чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин мавзеъ идома дорад.

Мавриди зикри хос аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби  ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.

Бо назардошти пешниҳоди хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон оид ба таҷлили 5500- солагии Саразми бостонӣ, ки 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, ташаббуси мазкур дар Конфронси кулли ЮНЕСКО ( 12-28 ноябри соли 2019) мавриди дастгирӣ қарор гирифта, ба рӯйхати ҷашнҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Ба гуфтаи олимони тоҷик, ёдгории қадимии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид.

Саразм дар километри 15-уми самти ғарбии шаҳри Панҷакент ва километри 45-уми самти шарқии шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи он қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст. Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудаанд, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи зайл мебошанд: давраи I – cолҳои 3500-3200 то асри мо; давраи II — солҳои 3200-2900 то асри мо; давраи III – cолҳои 2900-2700 то асри мо; давраи IV –солҳои 2700-2900 то асри мо.

Асоси иқтисоди сокинони Саразмро   ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медодааст, ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ иборат будааст. Аз охири ҳазораи IV сар карда, то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металлургии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Ба ин  захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ  дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

Бо густариши робитаҳо дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV то асри мо саразмиён бо марказҳои қадимаи заминдории Туркманистони Ҷанубӣ, Эрон, Балуҷистон, Ҳиндустон ва Афғонистон ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ  мондаанд. Ҳамин тариқ, шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва  муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.

Дар конфронс олимони тоҷик оид ба таърих, пайдоишу рушди ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва ғайра сухан гуфта, вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотиро бо роҳи навиштани мақолаҳои илмиву тадқиқотӣ зарур шумориданд.

Декабрь 20, 2019 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад