Амалиёти «Корд» дар Душанбе: 10 корд, 2 кастет ва 1 электрошокер дарёфту мусодира карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт амалиёти «Корд» идома дорад. Давоми баргузории ин амалиёт аз 27 ноябр то 1 декабр 11 нафар боздошт шуданд, ки номбурдагон бо худ силоҳи сард, аз қабили корду кастет ва электрошокер мегардониданд. Аз онҳо 10 адад корд, 2 адад кастет ва 1 адад электрошокер дарёфту мусодира карда шуд.
Тавре аз Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вобаста ба ҳолатҳои ошкоршуда нисбат ба он нафароне, ки зимни ин амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуданд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва ҷарима то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуданд.
«Амалиёти «Корд» дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.
Чуноне аз таҳлилҳо бармеояд, нафароне, ки бо худ чунин силоҳҳои сардро мегардонанд, дар камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ аз он истифода бурда, ҷиноятҳои вазнини ба муқобили саломатӣ равонагардидаро содир мекунанд»,-афзуд манбаъ.
Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, ки ҳамагон аз оқибатҳои даҳшатбори он хуб огаҳанд, бетараф набошанд. Ҳамзамон амалу рафтор ва доираи дӯстони фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд ва нагузоранд, ки онҳо ҳамроҳи худ чунин ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро гардонанд.








Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






