Анҷумани 34-уми ғайринавбатии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев Анҷумани 34-уми ғайринавбатии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар кори Анҷуман масоили вобаста ба фаъолияти ҳизб ва барномаю нақшаҳо дар давраи омодагӣ ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ намуд. Таъкид гардид, ки Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон зери шиори «Адолати иҷтимоӣ-мароми ҳамешагии мост» нисбат ба арзишҳои умумибашарӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Имрӯз тибқи омори расмӣ, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон зиёда аз 34 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 21 фоизашро занон ва 15 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо «Оиннома» ва «Барнома»-и Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро аз нав тасдиқ намуданд.
Ҳамчунин Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуд.
Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадҳо пешбарӣ гардиданд.
Вакилони ҳизбӣ рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, даъвати шашумро дар ҳайати 6 нафар тасдиқ намуданд.










Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд






