Ҳавопаймои мусофирбар дар Қазоқистон суқут кард

Декабрь 27, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 27.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои ширкати ҳавоии Bek Air бо 95 мусофир, ки аз Алмаато ба Нур-Султон парвоз дошт, суқут кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Алмаато.

«Ҳавопаймои ширкати Bek Air дар берун аз фурудгоҳ суқут кард. Дар ҷойи ҳодиса хадамоти изтирорӣ кор бурда истодаанд, миёни мусофирон нафарони наҷотёфта низ ҳастанд», — гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуот.

Тибқи маълумоти пешакӣ, аз садама наҷотёфтагон низ ҳастанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳо ва видеоҳо аз ҷойи ҳодиса пайдо мешаванд. Аз рӯи аксҳо ҳавопаймо ба болои бино афтодааст.

Пас аз парвоз ҳавопаймо дигар ба баландӣ баромада  натавониста, девори бетониро шикаст ва ба бинои дуошёна бархӯрд. Ҳоло дар бораи ҳалокати ҳафт нафар маълумот ҳаст. Тавре РБК хабар медиҳад, дар ин бора аз вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Қазоқистон хабар додаанд.

Декабрь 27, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон