АЗ ҚАЪРИ ҚАРНҲО: олимон дар қалъаи Карони ноҳияи Дарвоз расадхона кашф намуданд!

Декабрь 19, 2019 16:32

 ХОРУҒ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бостоншиносони тоҷик зимни баргузории ҳафриёти навбатӣ дар қалъаи Карони ноҳияи Дарвоз аз зери хок расадхонаи ситорашиносӣ ва дигар нигораҳои қадимӣ пайдо намуданд. Ин расадхона дар қисми ҷанубу ғарбии қалъа ҷойгир буда, паҳноияш 8 метр ва дарозиаш низ ба ҳамин андоза мебошад, итиилоъ медиҳад хабарнигори минтақаваии АМИТ “Ховар” Файз МИРАСАН.

Деворҳои расадхона бо  ранги сурх оро ёфта, дар рӯи фарш мизи чоркунҷаи сангин ва дар болои он сангҳои хурди секунҷаву шашкунҷа ба назар мерасанд. Як қисми асбобҳо аз чӯб омода шуда, бо мурури замон хароб гаштаанд.  Боми хона гумбазшакл ва боз аст.

Доктори илмҳои таърих Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, ки зиёда аз шаш сол боз ба омӯзиши ин қалъа машғул аст, изҳор намуд, ки “аксари асбоби расадхона аз сангу чӯб омода шуда будаанд, аммо асбоби чӯбин бо мурури солҳо хароб гардидаанд.

То ин давра танҳо қисмҳои сангии онҳо боқӣ мондаанд, ки онҳо бо шаклу намуди зоҳирии худ ҳар касро ба ҳайрат мегузоранд. Бо кадом асбоб ва чӣ гуна ин сангҳоро буридаанд, ин мавзӯи дигар аст. Баъди тадқиқоти қаблӣ мо ба ин хулоса омадем, ки сангҳои секунҷаву шашкунҷа вазифаи тақвимро иҷро мекунанд. Дар рӯи сангҳо ба як тартиб ситораҳо, рӯзҳои ҳафта ва ҳуруфоти ҳанӯз номаълум ҳаккокӣ шудаанд. Дар рӯи санги суфтаи дигар ҳарфҳо бо алифбои арабӣ дарҷ ёфтаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки қалъаи мазкур пеш аз пайдоиши дини ислом вуҷуд доштааст ва то асрҳои 16-17 бо ҳамон шаклии аввалааш расидааст. Аммо баъдан бар асари тағйироти иқлим хароб гардида, сокинони ин қалъа ба сабаби беобӣ ба мавзеи Қалъаихумб кӯч бастаанд”.

Доктори илмҳои таърих Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ гуфт, ки кофтукови археологиро аз баҳори соли оянда оғоз мекунад ва боварӣ дорад, ки чандин асрори пӯшидаи ин қалъаро барои ҳамзамонони худ мекушояд.

Декабрь 19, 2019 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид