АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: Бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намуда, барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем

Декабрь 18, 2019 09:45

ДУШАНБЕ, 18.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни  пешниҳоди Паёми  худ  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 декабри соли 2018 иброз доштанд, ки «мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти мамлакат пешбинӣ гардидаанд.

Бо вуҷуди ин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд».

Дар робита ба ин масъала  ва дигар таъкидҳои Сарвари давлат доир ба соҳаи маориф  ва илм хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ   бо муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фатҳиддин УСМОНЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, давоми як сол дар соҳаи маориф тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корҳои муайяне ба сомон расонида шуданд. Ҷиҳати иҷрои супориши мазкур  «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2019 тасдиқ гардид.

Бино ба иттилои Фатҳиддин Уcмонзода, барномаи мазкур бояд дар ду марҳила аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда шавад. Дар марҳилаи  аввал- солҳои таҳсили 2019-2022 таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба амалӣ намудани барномаи мазкур,  бозомӯзии мутахассисон барои таҳсилоти томактабӣ (гурӯҳҳои 6-сола) аз ҳисоби омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, такмили маҳорати касбии мутахассисон ҷиҳати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбия дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар марҳилаи дуюм-солҳои 2022-2025 дар баробари сохтмони муассисаҳои томактабӣ омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои нави педагогӣ: педагог-равоншинос, педагог-логопед, сурдопедагог, тифлопедагог ва  тайёр намудани мутахассисон барои марказҳои инкишофи кӯдак ва дигар шаклҳои имконпазир дар назди коллеҷҳои омӯзгорӣ дар назар дошта шудааст.

«Фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ дар шаклҳои гуногун то соли 2021 бояд то 30 фоиз боло рафта, бо ҳадди васеи дастрасии барномаҳои таълимӣ дар синни калони томактабӣ (ташкили ҳатмии гурӯҳҳои омодагии пеш аз мактабии 9-моҳа) ташкил ёбад. Низоми таҳсилоти томактабӣ барои ҳалли вазифаҳои рушди барвақтии кӯдак равона гардида, ба ин васила барои баробар кардани имконияту шароити гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ барои кӯдакон аз гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ мусоидат кунад», иброз дошт Ф. Уcмонзода.

Дар назар дошта шудааст, ки бо амалишавии барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ ба таври илова марказҳои инкишофи кӯдакон ва муассисаҳои томактабӣ ба истифода дода мешаванд.

Ҳамчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки «дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд доранд. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти мамлакат».

Ба ин хотир бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот, махсусан дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф то соли 2020 ислоҳоти таҳсилот оғоз шудааст.

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи стратегияи мазкур низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ба  талаботи ҷомеаи муосир мувофиқ гардида, ба хонанда на танҳо дониш, инчунин салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоӣ, ба монанди бо масъулият қабул намудани қарорҳо, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, тайёрии касбии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва дигар малакаҳои ҳаётиро омӯзонад. Инчнунин муносибати босалоҳият ба таълим, қабл аз ҳама, такмили ихтисоси омӯзгорон ва дастрас гардонидани маводи таълимиро ба омӯзгорону хонандагон талаб мекунад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, соли таҳсили 2017-2018 гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим аз фанҳои табиӣ (биология, химия, физика, география ва технологияи иттилоотӣ) барои синфҳои 5-11 оғоз гардида, омӯзгорони фанҳои мазкур аз омӯзиш гузаштанд. Барои онҳо дастури методӣ оид ба «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ ва технологияи информатсионӣ» дастрас гардонида шуд. Дар ин давра маводи таҳқиқотии зиёде, махсусан дар шакли дастурҳои методӣ ва мақолаҳо ба нашр расиданд. Озмоиши фанҳои боқимондаи зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ – фанҳои забоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ва татбиқи амалии муносибати босалоҳият аз ин фанҳо дар соли таҳсили 2019-2020 ба нақша гирифта шуда, соли таҳсили 2020-2021 бояд татбиқ карда шаванд.

Сарвари давлат ба муҳим будани сатҳи касбияти омӯзгор дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таъкид намуда, дастур доданд, ки «…ба Вазорати маориф ва илм зарур аст, ки фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро боз ҳам тақвият бахшад».

Бо назардошти гузариш ба таҳсилоти салоҳиятнок барномаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон таҷдиди назар карда шуданд. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати ба роҳ мондани барномаҳои бозомӯзӣ таҳия ва тасдиқ карда шуданд. Курсҳои бозомӯзӣ, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани ихтисоси омӯзгороне равона карда шудааст, ки ғайри тахассуси омӯзгорӣ ё фаннӣ мебошанд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбуди ҳолати таълимгоҳҳо, таълифи барномаву китобҳои дарсӣ, мураттабу омодасозии дастуру воситаҳои таълимӣ ва маводи дигари зарурӣ мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад. Ҷиҳати навсозии мазмуни таҳсилот таҳияи стандартҳои нави фаннӣ, барномаҳои муосири таълимӣ, китобҳои дарсии насли нав ва дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор роҳандозӣ шуда, ҳамзамон ин раванд идома дорад.

Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, зарурати омӯзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳои дахдор супориш дода шуд, ки «дар шашмоҳаи аввали соли 2019  барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд».

«Вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби мутахассисони Академияи таҳсилот ва дигар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барномаи омӯзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисиро барои то соли 2030 омода намуданд, ки моҳи августи соли равон аз ҷониби ҳукумати мамлакат тасдиқ карда шуд»,- зикр намуд Ф.Усмонзода.

Ба гуфти мусоҳиб, ҳадафи аслии қабули барномаи мазкур ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони мамлакат мебошад.

«Иҷрои босифати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳамасола ҳамчун роҳнамои рушди соҳаи маориф дар баланд бардоштани иқтидори соҳа, дастгирии инкишофи он аз ҷониби мақомоти гуногун, қабули ҳуҷҷатҳои стратегӣ, меъёрӣ ва муайян намудани нақшаҳои дурнамои соҳа нақшаи муҳим мебозад»,- зикр намуд Ф.Усмонзода.

Воқеан, тарбия як ҷузъи асосии таълимӣ буда, барои расидан ба ҳадафҳо дар азхуднамоии илму касбҳои гуногун заминагузор аст. Чун фард дар ҷомеа омили таконбахш ва пешбарандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ маҳсуб мегардад, таъсир ва нақши ӯ низ дар сохтори ҷамъиятӣ ногузир мебошад. Соҳаи маориф дар сохтори фаъолияти худ ду шохаи асосии пайваста ва ногусастаниеро чун таълим ва тарбия дар алоқамандӣ инкишоф медиҳад. Агар мактаб ба насли ҷавони мо илм омӯзонад, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ чун муассисаҳои ёрирасон ба тарбияи онҳо машғул  мебошанд.

 Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2019 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд