Ба Агентии омор барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 337 планшет тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 27.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 декабр аз ҷониби Хазинаи нуфуз ва намояндагии Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 337 планшет тақдим гардид. Ин нуктаро имрӯз дар ҷаласаи навбатии омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ — Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иброз намуд.
Бино ба маълумоти номбурда, планшетҳои мазкур дар оянда, баъди барӯйхатгирии аҳолӣ барои тадқиқоти оморӣ истифода хоҳанд шуд.
Гулнора Ҳасанзода дар идома зикр кард, ки масъалаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Паёми солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 таъкид гардид.
Агентии омор барои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидани ин чорабинии умумиҷаҳонӣ Барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-ро тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо назардошти тавсияҳо омода намуд.
Дар айни замон корҳои тайёр намудани «Дастурамал дар бораи тартиби гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» идома дорад.
Соли равон бо дастгирии молиявии намояндагии Хазинаи нуфузи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 121 нафар кормандони барӯйхатгирии аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва шаҳри Турсунзода дастурдиҳии омӯзишӣ дар мавзӯи «Рафти корҳои тайёрӣ ва тартиби гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» гузаронида шуд.
Ҳамзамон бо дастгирии молиявии ташкилоти зикршуда ва кумаки техникии Агентии омор дар мавзӯи «Ҷамъоварии маълумот бо истифода аз таҷҳизоти мобилӣ» барои кормандони мақомоти омори Тоҷикистон ва ИДМ дар сатҳи байналмилалӣ дастурдиҳии омӯзишӣ гузаронида шуд.
Ғайр аз ин бо дастгирии молиявии ин созмон 9 нафар мутахассисони мақомоти омор дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус ва Ӯзбекистон табодули таҷриба намуданд.
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 тақрибан 10-15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се усул, яъне пур карани варақаҳои барӯйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва бо усули анъанавӣ пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот истифода мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамолики пешрафтаи ҷаҳон ба марҳилаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ, ки соли 2020 рост меояд, ҳамроҳ шуд. Масъалаи мазкур ҳамчунин дар шаҳри Бишкек 16 сентябри соли равон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ҷонибдорӣ карда шуд.
Ҷаласаи навбатии омодагӣ ба Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар толори Агентӣ доир гардида, дар он кормандони Агентии омор ва намояндагони Хазинаи нуфуз ва намояндагии Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки барӯйхатгирии аҳолӣ маъракаи муҳими давлатию сиёсӣ арзёбӣ гардида, натиҷаҳои он маҳз барои таҳияи стратегияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ, баҳодиҳии вазъи демографию иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат нақши муҳим дорад.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд
Раванди татбиқи барномаи иммунопрофилактика ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ баррасӣ шуд
Хати магистралии алоқаи «Душанбе–Хоруғ–Қулма» то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад
Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд
Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид
Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрорӣ идома дорад






