Баргузории ҳамоиш таҳти унвони: «Ҳадафҳои рушди устувор-4 дар барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияҳои мақсаднок»

Декабрь 12, 2019 11:10

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мусоидат барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон  /ТҶ «АЗИТ»/ дар якҷоягӣ бо панҷ ташкилоти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳадафҳои рушди устувор -4 дар барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияҳои мақсаднок» ҳамоиш доир намуд.

Тавре Раиси Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон Ҷамшед Қуддусов иброз намуд, бо мақсади мусоидат барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор ташкилоти ҷамъиятии «АЗИТ» дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи волидайни кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, Фонди дастгирии таҳсилоти касбӣ ва таълим, ташкилотҳои ҷамъиятии «Иштирок» ва «Микроинвест» дар ҳафт шаҳру ноҳияҳои мақсаднок тадқиқот гузарониданд.

Мақсади тадқиқот таҳлил ва омӯзиши барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияҳои мақсаднок вобаста ба Стратегияи миллӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор-4 (таҳсилоти босифат) мебошад.

Дар ҳамоиш фаъолияти гурӯҳи ташаббускор, таҳлили барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияҳои мақсаднок дар доираи Ҳадафи рушди устувор-4 ва механизми татбиқи он, фаъолияти гурӯҳи ташаббускор барои солҳои 2020-2021 ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлативу ғайриҳукуматӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Инчунин дар доираи он натиҷаи тадқиқот муаррифӣ гардид.

Зикр шуд, ки механизмҳои ҳадафи рақами 4, ки ба васеъ намудани дастрасӣ ба таҳсилоти босифати касб, таҳсилоти босифат барои ҳама дар тӯли ҳаёт бахшида шудааст, бояд дар баробари сатҳи миллӣ инчунин дар сатҳи маҳаллӣ низ татбиқ шаванд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2015 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат ва таъмини рушди устувор Стратегияи миллии рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 таҳия гардид.

Стратегияи миллии рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки моҳи сентябри соли 2015 дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ тасдиқ шудааст, ба назар мегирад.

Декабрь 12, 2019 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуд
Дар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 7 ҳазор килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
Нишасти Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба рақамикунонӣ баргузор гардид
Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон ба шарикони рушд муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон бо Швейтсария ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳад
Фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен кишти зироат идома дорад
Дар бозори марказии Пенза барои фурӯши хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаҳои махсус ҷудо карда шуданд