Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 70 адад ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода мешаванд

Декабрь 9, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовинони  Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, муассисаву корхонаҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват гардида, қарор фавран  ба маълумоти вакилон расонида шуд.

Иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, пас аз интихоби котибот ва ҳайати таҳририя, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд.

Тавре дар иҷлосия зикр гардид, бо назардошти иҷрои  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» рӯзномаи иҷлосия таҳия гардида, ба он масъалаҳо дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

Бо баррасии масъалаҳо иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар доираи 70 (ҳафтод)  адад муқаррар карда шавад.

Ҳамчунин бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе иҷлосия комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар ҳайати 9 нафар таъсис дод.

Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи вакилони халқ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва риояи принсипҳои асосии интихобот доир намудани интихоботи вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъмини тартибот, амният ва бехатарии шаҳрвандон дар ҷараёни баргузории он ҷалб намуд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бо ҳамин иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе корашро анҷом дод.

Декабрь 9, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид