Бонки Исломии Рушд баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак дар ҳаҷми 23 миллион доллар сармоягузорӣ менамояд

Декабрь 16, 2019 13:25

ДУШАНБЕ, 16.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бонки Исломии Рушд бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 23 миллион доллари америкоӣ сармоягузорӣ менамояд. Дар ин хусус имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи Шӯро Созишномаи қолабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки Созишномаи мазкур 28 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Гуфта мешавад, ки Созишнома бо мақсади баланд бардоштани дастрасии хизматрасонӣ ба модарону кӯдакон, рушди институтсионалӣ ва захираҳои инсонӣ дар муассисаҳои тиббии таҷрибавӣ, огоҳии аҳолӣ ва рафтори ҳифзкунандаи саломатӣ, инчунин таъсиси низоми интиқоли беморон дар чор ноҳияи таҷрибавӣ татбиқ мегардад.

«Ҳадафи тадбиқи Созишномаи молиявии мазкур таҷдид ва муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои тандурустӣ дар чор ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Ховалинг ва шаҳри Норак, инчунин таҳкими сатҳи касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ тавассути гузаронидани курсҳои омӯзишӣ мебошад», — афзуд манбаъ.

Маблағи умумии лоиҳа 26,87 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 23,0 млн. доллари амрикоӣ саҳми Бонки Исломии Рушд, 2,86 млн. доллари амрикоӣ ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боқимонда сармоягузории дигар шарикони рушд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аъзои Шӯро як зумра масъалаҳои дигарро баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 16, 2019 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид