Бонки миллӣ: интиқоли маблағ дар тамоми мамлакат тавассути низомҳои «Юнистрим» ва «Контакт» амалӣ мешавад

Декабрь 10, 2019 16:13

ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, шурӯъ  аз 3 декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ мешавад.

Айни замон низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд ва аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассути ин низомҳо бе мамониат интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд. Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, теъдоди зерини нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли маблағҳо дар низоми «Юнистрим» (ҳамагӣ 15 788 нуқтаи хизматрасонӣ) дар қаламрави Федератсияи Россия амал намуда истодаанд:

  • МТС – 4 300 адад;
  • Теле 2 – 2 150 адад;
  • агентҳои бонкии пардохтӣ – 1 696 адад;
  • марказҳои хизматрасонии “Почта банк” – 4 600 адад;
  • Росселхозбанк – 1 335 адад;
  • шабакаи худии Юнистрим – 207 адад;
  • марказҳои хизматрасонии дигар ташкилотҳои қарзӣ – 1 500 адад.

Инчунин интиқоли маблағҳо тавассути сомонаи расмӣ ва барномаи мобилии ЮНИСТРИМ анҷом дода мешаванд.

Низоми «Контакт» дорои зиёда аз 8 500 адад нуқтаҳои хизматрасонӣ буда, тавассути нуқтаҳои хизматрасонии бонкҳо, шабакаи худии КИВИ бонк, агентҳои бонкии пардохтӣ, терминалҳои пардохтии КИВИ, аз ҷумла барномаҳои мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ амалиёти интиқоли маблағҳоро анҷом медиҳад.

Тарофаҳои (комиссияи) низоми пардохтии «Юнистрим» вобаста аз маблағи интиқол, нуқтаҳое, ки тавассути он интиқол анҷом дода мешавад (масалан, нуқтаҳои хизматрасонии МТС, Теле2 ва дигар агентҳо, нуқтаҳои хизматрасонии Почтабанк ва дигар бонкҳо, инчунин шабакаи худии Юнистрим) гузаронида шуда, асъори интиқол аз 0,99  то 1,5 фоизро ташкил медиҳад.

Тарофаҳои низоми пардохтии «Контакт» барои интиқоли  маблағ аз нуқтаҳое, ки тавассути он интиқол анҷом дода мешавад, 1 фоизро ташкил медиҳад.

Ғайр аз интиқоли маблағҳо тавассути низомҳои зикргардида, инчунин интиқоли маблағҳо аз Федератсияи Россия ба кортҳои пардохтии “Корти миллӣ”-и ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ва ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” тавассути барномаи мобилии “Сбербанк онлайн”, инчунин терминалҳои КИВИ ва нуқтаҳои хизматрасонии “Связной” ва “Мегафон” имконпазир мебошад.

Декабрь 10, 2019 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд