Бонки миллӣ: ташкилотҳои қарзӣ бояд муштариёнро аз бозхонд ва баргардонидани интиқолҳояшон тавассути низоми «Золотая корона» огоҳ намоянд

Декабрь 23, 2019 11:03

ДУШАНБЕ, 23.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки сокиноне, ки маблағҳои интиқолиашонро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми «Золотая корона» фиристода буданд, метавонанд 24-25 декабри соли 2019 (давоми ду рӯз) аз ташкилотҳои қарзии мамлакат бозхонд карда гиранд. Ҳамзамон маблағҳои интиқолие, ки тавассути  «Золотая корона» дар дохили мамлакат анҷом дода шудаанд (аз як ноҳия ба ноҳияи дигар), ба шаҳрвандон баргардонида мешаванд.

Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти  Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, муштариёни худро, ки чунин интиқолҳоро тавассути низоми «Золотая корона» анҷом додаанд, оид ба бозхонд ва баргардонидани интиқолҳояшон хабардор намуда, дар ҳолати зарурат барои аз нав интиқол додани маблағҳои гирифташуда тавассути низомҳои пардохтии “Контакт” ва “Юнистрим” ё кортҳои интиқолӣ  мусоидат намоянд.

Дар ҳолати ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан шаҳрвандон метавонанд: дар хориҷи мамлакат ба низоми пардохтии «Золотая корона» бо рақами +7 (495) 96 00 555 (шабонарӯзӣ); намояндаи «Золотая корона» дар Тоҷикистон:  +992 90 888 80 80; ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 (“ALLOMUSHTARI@NBT.TJ”) фавран муроҷиат намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва сари вақт гирифтани интиқолҳои пулӣ ташкилотҳои қарзиро вазифадор намудааст, дар сарбонк ва муассисаҳои зертобеашон (филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ), ки дар маркази шаҳру ноҳияҳо, атрофи бозорҳо, марказҳои савдо ва ҷойҳои сераҳолӣ ҷойгиранд, то охири моҳи декабри соли 2019 рӯзҳои шанбе ва якшанберо рӯзҳои корӣ эълон намуда, ба кор баромадани хазинадорон ва кормандонеро, ки ба анҷом додани  амалиёти интиқолӣ ва мубодилавӣ машғуланд, таъмин намоянд.

Декабрь 23, 2019 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3396 сомонӣ муқаррар шудааст
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид