Дар ҷамоати деҳоти Ҳоит фермаи чорвопарварӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар деҳаи Миртоби ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт аз тарафи соҳибкор Мирзобек Вазиров фермаи чорвопарварӣ барои 150 сар чорвои калони шохдор ва 300 сар бузу гӯсфанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар фермаи мазкур ҳоло 58 сар чорвои калони шохдор ва 200 сар бузу гӯсфанд ба парвариш фаро гирифта шуда, ба наздикӣ 63 сар чорвои калони хушзот ворид карда мешаванд.
Тибқи иттилои мутахассисон, бинои фермаи чорвопарварӣ ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар ошёнаи якуми он чорво парвариш ёфта, дар ошёнаи дуюм хӯроки чорво захира карда мешавад.
Фермаи чорвопарварии хоҷагии деҳқонии Миртоби ноҳияи Рашт бо мақсади истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти ширӣ ташкил гардида, дар он беш аз 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Соҳибкор Мирзобек Вазиров мегӯяд, ки ояндаи наздик барои таъмини аҳолии минтақа бо тухм ва гӯшти мурғ дар назди ин хоҷагии деҳқонӣ фермаи мурғпарварӣ низ бунёд мекунад.








Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид






