Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» фаъолияти бонки нахустини исломӣ дар Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 5.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бонкдории исломӣ чанд соли охир дар ҷаҳон нуфузи зиёд касб намуда, таваҷҷуҳи кишварҳоеро, ки бо низоми бонкдории анъанавӣ фаъолият доранд, беш аз пеш ба худ ҷалб мекунад. Омили асосии рушди бомуваффақияти он дар раванди буҳронҳои ҷаҳонии молиявӣ бештар маъмулу маъруф гардид. Зеро бар асари буҳронҳои ҷаҳонӣ низоми бонкии анъанавӣ осеби ҷиддӣ дида, ҳатто бонкҳои бузургтарини ҷаҳон муфлис шуданд. Тибқи маълумоти мавҷуда, бонкҳое, ки бо низоми исломӣ фаъолият доранд, беш аз 500 ададро ташкил дода, ҳатто ҳаҷми сармояи онҳо марзи 3 триллион доллари ИМА-ро убур мекунад.
Малайзия аз аввалин кишварҳое мебошад, ки бонкдории исломӣ дар он босуръат такомул ёфта, дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо саҳми бориз дорад. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст, ки бонкҳои исломӣ на танҳо дар кишварҳои мусулмонӣ, балки дар кишварҳои ғарбӣ низ фаъолияти пурмаҳсул доранд. Барои мисол, дар Англия 15 адад бонки исломӣ мавҷуд буда, 20 фоизи муштариёни низоми бонкии Россия майл ба хизматрасонии чунин бонкҳо доранд.
Дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, Ҷумҳурии Қазоқистон барои фаъолияти бонкҳо бо чунин усул шароит фароҳам овард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми соли 2019 бонки исломӣ бо номи ҶСК «Тавҳидбонк» расман ба фаъолият шурӯъ намуд.
Принсипи асосии фаъолияти бонкдории исломӣ додани қарзи бе фоиз ба муштариён мебошад, зеро дини Ислом риборо ҳаром медонад. Пас бонкдории исломӣ, ки бе фоиз қарз диҳад, чӣ гуна фоида мебинад? Посухи ин ва чандин суолҳои муҳими дигар, инчунин роҷеъ ба фаъолият ва намудҳои қарздиҳии бонкҳои исломӣ (ҶСК «Тавҳидбонк») дар Тоҷикистон ва дурнамои фаъолияти онро дар барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод» 6 декабр, соати 08:30 ва такроран соатҳои 17:30, 21:00 дар таҳияи муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз радиои «Ховар» бишнавед.








Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд






