Дар Брюссел густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Хорватия муҳокима шуданд
ДУШАНБЕ, 11.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордан Грлич Радман барпо гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Хорватия, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо муҳокима шуданд.
Вазирон ба зарурати тақвияти робитаҳои сиёсӣ, бунёди заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва афзорҳои муколамавӣ бо мақсади такон бахшидан ба муносибатҳои миёни ду давлат таъкид карданд.
Табодули афкори судманд ҳамчунин дар мавриди ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифт.
Акс аз ВКХ ҶТ








Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






