Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар ноҳияи И.Сомонӣ машварати корӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар машварати корӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки «Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ равона гардида, ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст».
Сипас ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани озмуни мазкур дар соли 2020 супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин барои роҳ надодан ба камбудиҳо ва риояи пурраи талаботи низомномаи озмун аз намояндагон ва шахсони масъул талаб карда шуд, ки назорати ҳамешагӣ ба роҳ монанд.
Тавре қаблан хабар дода будем, чанде пеш бо иштироки роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода ва муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Қосим Роҳбар дар шаҳри Душанбе бо иштироки аъзои гурӯҳ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласа баргузор гардид. Дар он ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар соли 2019 бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал мукофотонида шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, иштирокдорони машварати корӣ аз мавзеъҳои гулпарварӣ, гулгаштҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониш, Алишери Навоӣ, Садриддин Айнӣ, «Кӯли ҷавонон», «Ирам», «Ҷавонон», ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дидан намуданд.










«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






