Дар Душанбе иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад
ДУШАНБЕ, 06.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. 25 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад.
Дар ин бора аз палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосияи мазкур Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда мешаванд.
Дар назар аст, ки аъзои Маҷлиси миллӣ як қатор қонунҳои дигари қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






