Дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ гардид

Декабрь 4, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Зимни доир намудани чорабиниҳои   фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе  марди 32-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)  дастгир карда шуд. 

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  вақти кофтуков аз номбурда  10 ҳазору 400  дона маводи тарфгарии тамғаҳои «Дракон Х041», «Питарда Х041» ва «Трения 201», ки истеҳсоли саноатӣ мебошанд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба  гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199, эзоҳи  1,  қисми 2-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Мутаассифона, бо фаро расидани Соли нави мелодӣ баъзе аз нафарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ машғул мешаванд. Ҳол он ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилот ва ба фурӯш баровардани  ин  мавод  қатъиян манъ карда шудааст.

Дар моддаи 199, эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин омадааст: «1.Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ  доштан, фурўхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори  начандон калон ё дар давоми сол пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо, бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо  дода мешавад.

2) Ҳамин кирдорҳо агар ба миқдори калон содир шуда бошанд, бо  ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон аз бист то сад адад маводи тарфгарии (пиротехникӣ) барои оташфаввораҳо истифодашаванда, аз панҷоҳ то дусад адад бозичаҳои оташбозӣ, ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо,  варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ   печонидашуда) фаҳмида мешавад».

Доир ба ин қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста чорабиниҳои мақсаднок доир гардида, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Декабрь 4, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд