Дар Душанбе ғолибони Озмуни «Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

Декабрь 6, 2019 16:55

ДУШАНБЕ, 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  шаҳри Душанбе   даври шаҳрии озмуни «Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир» баргузор гардид. Ин озмун бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида,  дар он ғолибони даври аввали 4 ноҳияи пойтахт дар сатҳи маҳалла, шаҳрак ва ноҳия иштирок намуданд. Довталабони озмун беҳтарин  шириниҳои миллӣ ва муосирро пешкаши иштирокдорон ва тамошобинон намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар озмун  анвои гуногуни  шириниҳои миллӣ ва муосир, аз ҷумла кулчақандҳои рангоранг  ба намоиш гузошта  шуданд, ки яке аз дигаре  болаззаттар менамуду  иштиҳо  меовард. Дар озмун пазандагони моҳир ба аъзои ҳакамон ва иштирокдорони озмун  доир ба тарзи пухтан,  мувофиқати маҳсулоти дар ширинӣ истифодашаванда, нигоҳдорӣ  ва ороиши он маълумот   дода,  маслиҳат доданд, ки зимни пухтани кулчақандҳо ва дигар анвои ширинӣ  истифодаи меваҳои тару тозаи сарзамини мо муфид аст.

Ҳамчунин  дар озмун иттилоъ дода шуд, ки кадом навъи шириниро бояд дар кадом вақт — ҳангоми наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ   ва шом, инчунин ҳангоми маъракаву ҷамъомадҳои  хурсандӣ бояд пешниҳод намуд.

Масъулин зикр карданд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур аз эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳои халқи тоҷик, тарғиби эҳтиром ба ҳунари ширинипазӣ, намоиши пухтани навъҳои он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни  ин анво, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтанашон  иборат мебошад.

Таъкид гардид, ки  миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст.

Бахусус дар бахши омодасозии шириниҳо бонувони чирадасти тоҷик маҳорати баланди кадбонугӣ дошта, хони идонаи ҷашнҳои миллии тоҷиконро бидуни шириниҳои гуногуни болаззати омоданамудаи онҳо  тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Таърихи омодасозии шириниҳои миллии   мардуми тоҷик куҳан буда,  он бо мурури замон  ташаккул меёбад.

Анъанаи омодасозии шириниҳои миллӣ  бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус аз лиҳози усули омода намудан ва истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот дар ҷаҳон беназиранд.

Шириниҳои тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталифи хамирӣ, ширӣ, мевагӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Ин аст, ки фарҳанги омодасозии ғизоҳои миллӣ ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги  меҳмоннавозии   тоҷикон мебошад.

Санъати омодасозии шириниҳои миллӣ, бахусус ҳалво, кулчақанд, нишалло ва монанди инҳо дар байни сокинон шуҳрати хосса дошта, санъати тайёр намудани он дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.

Ҷойи аввали озмун ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, ҷойи дуюм ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷойи сеюм ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур сазовор дониста шуд.

Дар фарҷоми озмун  ғолибон бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

Декабрь 6, 2019 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид