Дар ҷумҳурӣ 176 ҳазору 926 гектар майдони кишти тирамоҳӣ пешбинӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 04.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол дар ҷумҳурӣ 176 ҳазору 926 гектар барои кишти тирамоҳӣ муайян гардидааст, ки аз он 155 ҳазору 168 гектарро ғалладонагиҳо, 6380 гектарро картошкаи барвақтӣ ва 15378 гектарро сабзавоти барвақтӣ ташкил медиҳанд.
Тавре аз Раёсати растанипарварии вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дурнамои кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироати кишоварзиро вусъат бахшида истодааст.
Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ барои ҳосили соли 2020 дар майдони 144 ҳазору 308 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироати кишоварзӣ гузаронидаанд, ки аз он 131010 гектарро зироати ғалладонагӣ, 370 гектарро картошкаи барвақтӣ, 12 ҳазору 928 гектарро сабзавоти барвақтӣ, аз он 10 ҳазору 220 гектарро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти картошка 19 гектар, сабзавот 2295 гектар ва ғалладонаи тирамоҳӣ 2977 гектар кам мебошад.
Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, сабаби нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам кишт гардидани зироати ғалладонагӣ- ин хушк омадани боду ҳаво дар моҳҳои сентябр ва октябр мебошад. Агар боришот моҳи декабр зиёд гардад, пас дар заминҳои лалмӣ кишти зироати ғалладонагӣ васеъ ба роҳ монда шуда, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин иҷрои нақшаи дурнамо таъмин мегардад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сари вақт ба анҷом расонидани шудгор ва кишти тирамоҳӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситоди корӣ таъсис додааст, ки аъзои он иҷрои саривақтии корҳоро назорат мекунанд.








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






