ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019»-ро муҳим арзёбӣ намуданд

Декабрь 28, 2019 15:04

ДУШАНБЕ, 23.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабр зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019»-ро муҳим арзёбӣ намуданд. Дар робита Сарвари давлат изҳор доштанд, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки дар солҳои минбаъда тамоми захираҳоро ба баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар ҳаҷми содирот ва аз байн бардоштани монеаҳои маъмурии мавҷуда равона созад.

«Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пешбурди содирот муаррифӣ нагардидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва иштироки нокифоя дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад ва аз масъулон, аз ҷумла Палатаи савдо ва саноат тақозо менамояд, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Бо ин мақсад ва ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот оид ба номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунанда зарур аст, ки портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда, корхонаҳои саноатӣ барои муаррифии маҳсулот ва пайдо намудани шарикони хориҷӣ сомонаҳои интернетии худро таъсис диҳанд», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар ин росто Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва бо мақсади муаррифии маҳсулоти ватанӣ маълумоти дахлдорро бо зикри номи корхона, номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва дигар иттилооти зарурӣ мунтазам ба нашр расонад.

«Имрӯз дар берун аз кишвар имконияти пайдо кардани маълумоти кофӣ доир ба корхонаҳои саноатӣ ва маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон маҳдуд аст. Сомонаҳои интернетии корхонаҳо роҳи аз ҳама самараноки муаррифии маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоб мераванд. Роҳи дигари пешниҳоди маҳсулот барои фурӯш иштирок дар намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои хориҷӣ мебошад. Яъне аз ҳамаи воситаҳо бояд васеъ истифода карда шавад. Дар робита ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот ва Палатаи савдо ва саноат вазифадор карда мешаванд, ки барномаи рушди содиротро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд», — таъкид доштанд Президенти ТОҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ба як қатор дастовардҳои назарраси сатҳи байналмилалию минтақавӣ ноил гардид, ки сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардидани гӯшаи Тоҷикистон таҳти унвони «Боғдорӣ барои рушди деҳот» дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» яке аз онҳост.

Ин намоишгоҳ аз 29 апрел то 7 октябри соли 2019 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт.

8-уми октябр дар маросими расмии ҷоизасупории Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» тибқи қарори Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳ дар асоси хулосаи коммисияи байналмилалӣ иборат аз 11 нафар аз кишварҳои гуногун таҳти роҳбарии Президенти Ассотсиатсияи    байналмилалии    истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои боғдорӣ (AIPH) Бернард Костером Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи «Майдонҳои дохилии намоишгоҳи байналмилалӣ» аз рӯи баҳогузории экспозитсияи намоишгоҳӣ, мутобиқатии мавзуъ, муаррифӣ, ташкили кори Павилион ва тарҳи меъморӣ соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.

Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, аз Павилиони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор нафар ва дар рӯзҳои истироҳатӣ то 45 ҳазор  шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва хориҷӣ дидан намудаанд. Дар ин Намоишгоҳ зиёда аз 110 давлатҳои ҷаҳон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва 120 музофот, шаҳр ва ташкилотҳои Чин иштирок карда, барои мукофотҳои Намоишгоҳ довталабӣ намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба мавзуъ дастовардҳои соҳаи боғдории худ, аз ҷумла меваҳои тару тозаи экологӣ, меваҳои хушк, фишурдаи меваҳо, асал, обҳои ташнашикани ширкати навтаъсиси «Сиёма» ва дигар маҳсулоти ширкат ва корхонаҳои худро муаррифӣ намуд.

Дар баробар ин, ба меҳмонон ва ташрифоварандагони Намоишгоҳ имкониятҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ муаррифӣ гардид.

Боиси зикр аст, ки дар доираи Намоишгоҳи мазкур бори аввал ширкати ватании «Абрикос и компания» ба бозори калони Чин барои фурўши меваҳои хушк роҳ ёфта, намояндагии доимии худро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дод.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боғдорӣ ва кишоварзӣ, инчунин эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар баробари ин ташрифи бевоситаи Сарвари давлат ба гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ нақши муҳим ва калидиро барои ноил гардидан ба ин дастовард бозид.

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ноҳияи Янчин Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «ЭКСПО-2019»-ро тамошо карданд.

Дар ин намоишгоҳ бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ба хотири муаррифии арзандаи неъматҳои моддию маънавии ҷумҳурӣ намояндагони сохторҳои марбутаи соҳаи боғдорӣ, тиҷорату сайёҳат ва ширкатҳои ватанӣ номгӯйи зиёди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва маводи имкониятҳои сайёҳии кишвари офтобиро ба маъраз гузошта буданд.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки гӯшаи Тоҷикистон аз рӯи хусусиятҳои хоси табиати кишвар — куҳҳо, обҳои мусаффо, имкониятҳои сайёҳӣ ва иншооти таърихӣ сохта шуда буд.

Декабрь 28, 2019 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш