ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб барандаи Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба номи Чингиз Айтматов гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов тақдим гардид. Муҳаммад Ғоиб ба ҷоизаи мазкур дар доираи 50-умин ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки 21-22 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия доир шуд, мушарраф гардида буд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ин ҷоизаи байналмилалӣ субҳи имрӯз зимни оғози ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум дар шаҳри Душанбе ба шоир супорида шуд.
Гуфта шуд, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо пешниҳоди роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоибро дар соли 2019 барандаи ин ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи адабиёт эълон намуд.
Мавриди зикр аст, ки ҷоизаи мазкур соли 2012 таъсис дода шуда, ҳамасола ба намояндагони шинохтаи адабиёту фарҳанги қаламрави ИДМ тақдим мегардад.
Шоир Муҳаммад Ғоиб дар Тоҷикистон ва берун аз он маҳбубияти хос дошта, муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон», «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад.
Муҳаммад Ғоиб узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.
Мавсуф 16 марти соли 1954 ба дунё омада, соли 1977 факултети физикаю математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Муҳаммад Ғоиб баъди хатми донишкада соли 1977 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ карда, аз соли 1987 то соли 1990 мухбири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар ин минтақа буд.
Номбурда солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои сардори идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Киностудияи «Тоҷикфилм», директори Шабакаи якуми телевизиони «Тоҷикистон» ва ғайра фаъолият намудааст.











ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






