ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб барандаи Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба номи Чингиз Айтматов гардид

Декабрь 26, 2019 19:10

ДУШАНБЕ, 26.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов тақдим гардид. Муҳаммад Ғоиб ба ҷоизаи мазкур дар доираи 50-умин ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки 21-22 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия доир шуд, мушарраф гардида буд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ин ҷоизаи байналмилалӣ субҳи имрӯз зимни оғози ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум дар шаҳри Душанбе ба шоир супорида шуд.

Гуфта шуд, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо пешниҳоди роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоибро дар соли 2019 барандаи  ин ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи адабиёт эълон намуд.

Мавриди зикр аст, ки ҷоизаи мазкур соли 2012 таъсис дода шуда, ҳамасола ба намояндагони шинохтаи адабиёту фарҳанги қаламрави ИДМ тақдим мегардад.

Шоир Муҳаммад Ғоиб дар Тоҷикистон ва берун аз он маҳбубияти хос дошта, муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон», «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст»  ва ғайра мебошад.

Муҳаммад Ғоиб узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ  мебошад.

Мавсуф 16 марти соли 1954 ба дунё омада, соли 1977 факултети физикаю математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Муҳаммад Ғоиб баъди хатми донишкада соли 1977 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ карда, аз соли 1987 то соли 1990 мухбири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар ин минтақа буд.

Номбурда солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои сардори идораи  телевизион ва радиои вилояти Хатлон, роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Киностудияи «Тоҷикфилм», директори Шабакаи якуми телевизиони «Тоҷикистон» ва ғайра фаъолият намудааст.

Декабрь 26, 2019 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»