«ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ…». Андешаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар», узви ҳайати ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар бораи аҳамияти баргузории он
ДУШАНБЕ, 18.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Инак, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба фарҷом расид. Соҳиби Шоҳҷоиза ва ғолибони озмун дар тамоми номинатсияҳо муайян ва эълон гардиданд. “Ин озмун тӯли як сол як ҷунбиши фавқулода ва такони гарме ба ҷомеа дод”. – навиштааст ходими адабии АМИТ “Ховар”, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, узви ҳайатьи ҳакамони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” Камол НАСРУЛЛО зимни як нигориши худ, ки матни пурраи он дар зер пешниҳоди хонандагон мегардад.
Дар тамоми гӯшаҳои мамлакат ҳавасмандон ва ҷонибдорони зиёдеро гирди худ ҷамъ карда, муҳаббати китобро дар дилҳо бедор намуд. Бале, мо шоҳидем, ки ин Озмун бисёриҳоро китобхон кард, дари китобхонаҳоро бар рӯи муштариёни деринаш аз нав боз намуд. Китоб- ин дороии маънавии инсоният боз аз нав дасти ба дасти ҷавонону наврасони мо шуда, боз аз нав миёни мардум маҳбубият пайдо кард. Он ҳамаи қишрҳои ҷомеа: кӯдакон, наврасон, ҷавонон, миёнсолону калонсолонро фаро гирифт. Ин Озмун нишон дод ва собит сохт, ки миллати фарҳангсолору куҳанбунёди тоҷик миллати илму адаб ва фазилату дониш, миллати китобхону китобдӯст аст. Исбот сохт, ки ҳанӯз ҳам муҳаббати азалии мардуми мо ба сухану адаб дар сиришташон боқист ва ҳар замон метавонад аз нав фурӯзон шавад, агар роҳнамое чун Пешвои миллати мо дошта бошад.
Воқеан бори дигар исбот шуд, ки ҳар иқдом ва ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллатамон чун ҳамеша ҳадафҳои бузурги миллиро пайгирӣ менамоянд ва аз сиришти ватандӯстонаву муҳаббати адабпарваронаашон берун баромадаву натиҷаҳои самарабахш медиҳанд. Бубинед, боз ҳам Пешвои миллати мо чунин ташаббусҳоеро пайгирӣ ва раҳнамоӣ карданд, ки ба манфиати миллат буда, пеш аз ҳама, ҳадафҳои баланди худшиносии миллӣ ва бозгашт ба асолати миллиамонро, ки фарҳангу маърифат, илму дониш аст, пайгирӣ менамоянд. Ҳарду озмуне, ки ташаббускораш Сарвари давлатамон буданд: “Тоҷикистон – ватани азизи ман” ва «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмунҳое буданд, ки дар бедор сохтани муҳаббати ватандӯстона ва пеш гирифтани роҳи омӯзиши илму адабу фарҳанг нақши бузург бозида, дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои самарабахш доданд. Хусусан Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар ин замоне, ки на танҳо дар мамлакати мо, балки дар тамоми олам, бо сабабҳои маълум мардум аз китоб дур шудаанд, як иқдоми наҷиб буд ва мисли бисёр иқдомҳои неки Сарвари давлатамон метавонад намунаи ибрат барои кишварҳои дигаре низ гардад, ки бо чунин мушкил имрӯз рӯ ба рӯ омадаанд.
Банда шодам, ки дар ҳайати ҳакамони ҳардуи ин озмунҳо иштирок доштам ва андешаву мушоҳидаҳое дорам, ки баёни онҳоро вазифаи худ мешуморам. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» давоми соли 2019 дар чор давр: даври якум дар маркази деҳот ва шаҳрак; даври дуюм дар маркази шаҳр (ноҳия) (ба истиснои шаҳри Душанбе), давраи сеюм дар маркази вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, даври чаҳорум – ҷамъбастӣ (ҷумҳуриявӣ) дар Муассисаи давлатии ”Китобхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Ҷамъбасти озмун дар пойтахти ватанамон як ҳафтаи тамом аз субҳ то шом идома дошт. Дар он чор номинатсия: «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик», «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик», «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик» ва «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» ва Шоҳҷоиза мавриди назар ва баҳогузорӣ қарор доштанд
Банда дар ҳайати ҳакамони номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик» иштирок доштам. Ҷолиб ин аст, ки иштирокчиёни ин номинатсия аз номинатсияҳои дигар бештар-қариб 40 нафар буданд. Ин мушоҳидаи аввал аст, яъне таваҷҷуҳи иштирокчиёни озмун ба адабиёти классикӣ бештар буд, ки ин ҳам фоли нек аст, зеро бозгӯи завқи баланди иштирокчиён мебошад.
Бояд гуфт, ки иҷрои шартҳои озмун, хусусан дар номинатсияи адабиёти классикӣ чандон осон набуд. Бубинед: иштирокчии озмун, масалан дар наср бояд 50 ҳикояву новелла, 20 роман, 30 повест, 15 асари ёддоштӣ, 20 афсонаву қисса, 10 асар аз насри ривоятӣ, 10-то аз асарҳои халқиро мутолиа кардаву дар хотир дошта бошад, то ба саволҳои аъзои ҳакамон тавонад ҷавоб бидиҳад. Ҳамин шарт дар дигар номинатсияҳо низ гузошта шуда буд. Иштирокчии озмун дар номинатсияи аз ёд хондани осори адибон бояд на камтар аз 100 ғазал, на кам аз 120 рубоӣ, на кам аз 300 мисраъ аз достонҳо ва 200 мисраъ аз дигар навъҳои шеъриро аз ёд донаду қироат кунад, ба замми он, ки тавонад асарҳоро шарҳ диҳад; дар бораи қаҳрамонони асарҳо тавонад маълумот бидиҳад; ба баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар омода бошад; санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асарро дошта бошад ва ба саволҳои иловагӣ низ ҷавоб бигӯяд.
Теъдоди иштирокчиёни тасодуфӣ дар ин номинатсия хеле кам ба назар мерасид. Яъне худи иштирокчиён, омӯзгорон, волидайн, онҳое, ки ин иштирокчиёнро омода карда буданд, хеле заҳмат кашидаву муносибати ҷиддӣ ба Озмун доштаанд. Ин аст, ки дар номинатсияи мо, яъне адабиёти классикӣ, ки мушкилтарин номинатсия ба шумор мерафт, қисми зиёди довталабон ба таври кофӣ эҷодиёти барҷастатарин намояндагони адабиёти классикии мо, хусусан назми бузурги форсиро фаро гирифта, то ҷойе вориди мазмуну мундариҷа ва ғояҳои бузурги он гардида буданд. Теъдоди нафароне, ки сад ва ҳатто бештар аз он ғазал, 120 рубоӣ ва мувофиқи талабот порчаҳо аз достону қасида ва анвои дигари шеърро аз бар карда буданд, дар ин номинатсия кам набуд. Ин зуҳурот моро ба ҳайрат гузошт ва ҳангоми муайян кардани ғолибон мо ба душвориҳои сахт рӯ ба рӯ омадем. Банда бо дили пур метавонам гӯям ва шариконам ҳам инро тасдиқ мекунанд, ки дар номинасияи адабиёти классикӣ беш аз даҳ, аниқтараш 12 нафар сазовори ҷоиза буданд, зеро ҳама ба талаботи асосӣ ҷавобгӯ буданд. Албатта, аз байни онҳо сазовортаринҳо соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Аммо хурсандиовар аст, ки сафи ҷавонони соҳибистеъдод меафзояд. Дар ин байн нафароне буданд, ки дар сатҳи аҳсант омодагӣ доштанд. Масалан, Сафарозиддин Имориддинов, донишҷӯ аз вилояти Суғд, дастпарвари мактаби Кӯҳистони Масчоҳ беш аз 750 ғазал, 620 рубоию дубайтӣ, 2500 мисраъ аз достонҳо ва 139 байт аз навъҳои дигари шеърро аз бар карда буд ва ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Вақте хостем ӯро ба Шоҳҷоиза пешниҳод кунем, ӯ хоксорона инкор кард ва бо навиштани ариза аз Шоҳҷоиза рӯ тофт, ки ҳанӯз барои шоҳҷоиза омода нест. Баромади хонандаи синфи 7 Сафармоҳи Аҳмадбек аз ноҳияи Ёвон низ хеле шоиста буд. Ӯ аз 150 ғазале, ки аз ёд кардааст, бе танаффус сад ғазалро бидуни лакнат ва иштибоҳ қироат намуд ва маълум гардид, ки танҳо аз Умари Хайём 300 рубоӣ аз ёд кардаасту 350 рубоӣ аз дигарон низ медонад. Ба ҷуз ин як ҳазору сию ду мисраъ аз достон, 310 мисраъ аз қасида ва чил номгӯ шеъру достонҳоро бар илова аз бар кардааст.
Бисёр ҷолиб ва ҳайратовар он буд, ки се духтар аз ВМБК: Азизмо Пайшанбиева, Сувайлои Ёдовар ва Дилангези Ҷумъахон ҳунарнамоии дурахшон доштанд. Азизмо Пайшанбиева, ки ҳанӯз дар синфи шаш мехонад, беш аз сад ғазалро аз бар карда буд ва бо лаҳни ширин чун дигар ҳамдиёронаш қироат мекард. Раёсати озмун якдилона Ҷоизаи махсуси озмунро дар ҳаҷми даҳ ҳазор сомонӣ ба ӯ сазовор донист. Бад-ин тариқ Заррина Назарова аз ноҳияи Рашт, Султон Каримов аз Ёвон, Иброҳим Саъдуллоев аз Тоҷикобод, Бибимушаррафамоҳ Акбарова- донишҷӯ аз Душанбе, Мавзуна Убайдуллоева аз Душанбе, Сарвиноз Саидова аз Душанбе, Улдона Худойбердиева аз Хатлон, Омина Рустамова аз Кӯлоб, Шоира Мадалива аз Суғд, Муҳиба Атоева аз Душанбе ва аксари дигарро низ метавон ном бурд, ки ҳама сазовори ҷоиза буданд. Аммо чӣ метавон кард, ки ҷоиза фақат се то буд.
Банда танҳо дар бораи як номинатсияе, ки худ иштирок доштам, мухтасар андешаронӣ намудам, ҳол он ки дар се номинатсияи боқимонда ва гурӯҳе, ки барои Шоҳҷоиза мусобиқа мекарданд, низ падидаҳои хеле дурахшону хотирмоне буданд, ки аз омодагӣ ва заҳматҳои самарабахшу нишотангези иштирокчиёни озмун дарак медоданд.
Дар озмун чанд нафар кӯдакони хурдсол, хонандагони синфҳои поёнӣ низ иштирок доштанд, ки қироати дурахшону хотирмонашон бо ҷоизаҳои ҳавасмандӣ қадр карда шуд. Дар ин саф чанд нафар калонсолон низ қадрдонӣ шуданд.
Аммо наметавонам як падидаи дурахшони ин озмунро зикр накунам. Ин падида соҳиби ҷоиза гардидани се наврас аз як хонадон- хонадони Абдуллои Раҳнамо мебошад. Офарину сано ба волидайни ин хонадон, ки яке аз онҳо Бунёд Раҳнамо соҳиби Шоҳҷоиза, дигаре Муҳаммад Раҳнамо сазовори ҷойи аввал дар номинатсияи адабиёти бачагона ва Шабеҳа Раҳнамо низ соҳибҷоиза аз номинатсияи адабиёти классикӣ гардид. Албатта, чунин оилаҳо бояд намунаи ибрати ҳамагон бошанд, зеро ояндаи давлатро танҳо ба чунин фарзандони босаводу хушзавқ метавон бовар кард.
Умуман таассуроти аввалин аз Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» хеле нишотовару нек аст. Бояд зикр кард, ки мувафаққияти озмун, пеш аз ҳама, аз сатҳи ташкилии он вобастагӣ дошт, ки хеле қаноатбахш буд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва шахсиятҳои дигар масъулин ва раҳнамову назоратгари ин озмуни бонуфуз буданд. Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки маблағгузори асосии озмун буд ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, ки озмун дар он ҷо гузашт, тавонистанд тамоми шароитро дар сатҳи баланд муҳайё созанд.
Банда Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»– ро яке аз ҷолибтарин ва бамавридтарину баманфиаттарин падидаҳои солҳои охир меҳисобам, ки аз хиради Пешвои миллат бурун омадааст, зеро он имрӯз ба эҳёи маънавии халқамон такони бузурге дод. Ва ҷолиб он аст, ки мардуми хирадпеша ва фарҳанбунёди мо бо самимияти баланд аз он истиқбол намуданд. Ҷойи шубҳа нест, ки ин озмун ва озмуни дигаре, ки бо номи “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” роҳандозӣ шуданд, бояд ҳамасола баргузор гарданд ва ин ҳаракати умумихалқиро дар ҷодаи худшиносию худогоҳӣ ва фарогирии илму фарҳангу адабиёт идома диҳанд. Ҳамзамон онҳо бояд миллати мо, хусусан ҷавонону наврасони моро раҳнамои маънавиёти баланд бошанд, то ҷойе, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ на кам аз дигар миллатҳои пешрафта ифтихори арзи вуҷуд дошта бошанд.
Бо вуҷуди бори аввал роҳандозӣ шуданашон ин озмунҳо, хусусан Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба мақсадҳои наҷиби худ расид, яъне ангезиши даркориро дар ин ҷода дод. Аз ҳама муҳим, дили садҳо ва ҳазорҳо сокинони мамлакатро бо донишу фарҳанг гарму мунаввар сохт, чароғи ақлу заковатро фурӯзон намуд, зеро, тавре Рӯдакии бузургвор фармудааст: «Дониш андар дил чароғи равшан аст”.
Акнун моро зарур аст, ки ин чароғро ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорем, онро равшантару гармтар созем. Зарур аст, ки бо бардоштҳо аз таҷрибаи аввал ин озмунро такмил диҳем ва ҳамасола аз он барои саводнокию густариши ҷаҳонбинию маърифатнокии насли наврас ва ҷавононамон истифода ба амал орем.
Камол НАСРУЛЛО