Дурнамои кишти тирамоҳӣ дар ноҳияи Темурмалик ба 100 фоиз баробар шудааст
ТЕМУРМАЛИК, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Темурмалик кишти тирамоҳӣ идома дошта, то ин муддат хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ дар майдони 7 ҳазору 966 гектар кишт гузаронидаанд, ки ба 100 фоизи дурнамо баробар мебошад.
Тавре сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳияи Темурмалик Юсуф Авазов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, айни замон кишоварзон заминҳои дигарро барои кишти баҳорӣ омода месозанд. Деҳконони ноҳия бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ тамоми техникаи хоҷагиро ба саҳро бароварда, заминҳоро кишт менамоянд. Дар ин ноҳия аксари заминҳои корам лалмӣ буда, дар талу теппаҳо ҷойгир мебошанд. Ба ин хотир кӯшиш менамоянд, ки кишти ғалладонагиро дар фасли тирамоҳу аввали зимистон анҷом диҳанд.
Ба иттилои Юсуф Авазов, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик хоҷагии тухмипарварии ба номи Ҷалолиддини Румӣ хоҷагии калонтарин ба шумор рафта, ҳамасола дигар хоҷагиҳои ноҳия ва минтақаи Кӯлобро бо тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлим мусоид таъмин менамояд. Имсол низ бо ҷалби техника ва мошинолот дар муддати 15 рӯз кишти тирамоҳиро анҷом доданд. Хоҷагидорон бо тавсияи мутахассисони соҳа аксари заминҳоро баъди дарави ғалла дар фасли тобистон шудгор намуда буданд ва ба гуфти онҳо, ин тадбир ҳашароти зараррасону алафҳои бегонаро нобуд месозад.
Ба иттилои кормандони шуъбаи кишоварзӣ, дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия хочагиҳои деҳқонию инфиродӣ кишти тирамоҳии ғалладонагиро ба анҷом расонида, заминҳои боқимондаро барои кишти баҳорӣ шудгор карда истодаанд.








Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид






