Филми «Дӯғоб»-и коргардони тоҷик дар Кинофестивали «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ» иштирок менамояд

Декабрь 4, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Филми кӯтоҳи «Дӯғоб»-и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо дар  Кинофестивали «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ»  иштирок менамояд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар фестивали мазкур миёни 14 асар Тоҷикистонро филми «Дӯғоб» намояндагӣ мекунад.

Ҳар сол аз 12 то 15 декабр Кинофестивали  «Қирғизистон- мамлакати  филмҳои кӯтоҳ»  кинематографистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтика ва Гурҷистонро дар шаҳри Бишкек- пойтахти Қирғизистон ба ҳам меорад. Фестивали мазкур ҳамасола ба поси хотири нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов бахшида мешавад.

Ин сеюмин фестивал аст, ки филми кӯтоҳи «Дӯғоб»-и коргардони тоҷик Зайнулобиддин Мӯсо баъди кинофестивалҳои  «Само» ва «Лолаи тиллоӣ» дар он иштирок мекунад.

Декабрь 4, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд