Дар Маҷлиси намояндагон вазъи пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёт муҳокима шуд

Декабрь 24, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 24.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи вазъи пешбурди сиёсати дурусти пулию қарзӣ, таъсири он ба рушди иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки масъалаи мазкур зимни муҳокимаи парлумонӣ баррасӣ шуда, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова оид ба вазъи низоми бонкии Тоҷикистон сухан карданд.

Акрамшо Фелалиев иброз дошт, ки пешбурди сиёсати дурусти пулию қарзӣ яке аз масъалаҳои муҳокимашаванда дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад.  «Аз ин рӯ татбиқи муваффақонаи ин сиёсат натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ  нақши назаррас мегузорад», — афзуд мавсуф.

Зикр гардид, ки айни ҳол новобаста аз ҷой доштани шароити мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ низоми бонкии мамлакат фаъолияти худро баҳри таъмини дастрасии молиявӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ идома дода истодааст.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти расмӣ ва натиҷагирии ташкилоти молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ танзими низоми бонкӣ дар Тоҷикистон пурзӯр гардида, вазъи он рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ қарор ва тавсияи дахлдор қабул карда шуд.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 24, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид