Хоруғ: Озмуни «Мо зодагони истиқлолем» анҷом ёфта, аз аввали сол Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои маҳфилҳои мухталифи мактабҳои санъати шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба даври ниҳоии озмуни «Мо зодагони истиқлолем» роҳхат гирифтанд, маҳсули ҳунари дастони худро дар долони Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ ба намоиш гузоштанд.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи фарҳанги вилоят Сайёд Қурбонмамадов, аъзои маҳфилҳои рассомию кандакорӣ, бофандагию мӯҳрабофӣ, лӯхтаксозию гулдӯзӣ ва навозандагони асбобҳои миллӣ ширкат намуданд. Мутобиқи шарти озмун, хонандагон бояд дар бораи таърих ва ташаккули шуғли интихобнамуда ва мазмуну мундариҷаи асари эҷодкарда маълумоти кофӣ дошта, онро ҳамаҷониба ба ҳайати ҳакамон шарҳу тавзеҳ дода тавонанд. Санъати суханварӣ ва забондонии ҳунармандони наврасро низ ҳакамон ба инобат мегиранд.
Аз ҳама бештар таваҷҷуҳи тамошобинонро расмҳои кашидаи рассомони наврас, ки дар онҳо табиати афсункори кӯҳистон, рӯдхонаҳои пурхурӯшу кӯҳҳои сар ба афлок кашида, қалъаҳои куҳану биноҳои муосири замони истиқлол тасвир шудаанд, ба худ ҷалб намуданд. Дар кандакорӣ низ хонандагон аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон доданд.
Мудири шуъбаи фарҳанги вилоят гуфт, ки сокинони манотиқи кӯҳистон ба кандакорӣ шавқи зиёд дошта, хонаҳои урфии худро бештар бо нигоришоти чӯбӣ-аз чӯби чормағзу зардолу ва тут оро медоданд. Аммо, мутаассифона, чанд даҳсола пеш ҳунари кандакорӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт ва танҳо дар замони истиқлолият бо таъсис додани маҳфили кандакорӣ дар назди мактабҳои санъати вилоят ин ҳунар аз нав эҳё гардид.
Ба ғолибони озмуни «Мо зодагони истиқлолем» ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Зикр гардид, ки чунин озмунҳо то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбанд.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи фарҳанги вилоят, “Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба омӯзгорон ва аҳди фарҳанг пешниҳод карданд, ки минбаъд ҳамасола байни хонандагон ва калонсолон Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор намоянд. Воқеан ҳама пешравӣ, кашфиёт, ислоҳоту навигарӣ, илму ҳунар аз мутолиаи китоб сарчашма мегирад. Агар сода карда гӯем, аввал китоб буд, баъд компютер пайдо шуд. Одаме, ки дониш дорад, дар зиндагӣ роҳи худро пайдо мекунанд. Бинобар ин дар соли нав тасмим гирифтем, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти умумию олӣ ва китобхонаҳо ҳарчӣ бештар кӯдакону наврасон, ҷавонон ва калонсолонро ба ин озмун ҷалб намоем”.








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






