Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид

Декабрь 23, 2019 12:06

ДУШАНБЕ, 23.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар пойтахти мамлакат Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор гардид. Иҷлосия таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ сурат гирифт. Дар иҷлосия   ҳисобот «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2019» шунида шуда, лоиҳаи қарорҳо «Дар бораи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2020 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2018», «Дар бораи вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи кор бо занон ва оила», «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум», инчунин  тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  мавриди баррасии вакилон қарор гирифтанд.

Тавре  мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар иҷлосия нахуст ҳисобот «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2019» пешниҳоди вакилон гардид.

Зимни баррасии масъалаи мазкур зикр шуд, ки  маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар семоҳаи сеюми соли 2019 ба 10 миллиарду 342,1 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 19,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки  дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе 62 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ  бо фарогирии  810 адад ҷойи нави корӣ таъсис гардиданд. Дар ин  давра бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма»,  коркарди сангҳои ватанӣ аз ҷониби ҶДММ «Зиркон», истеҳсоли мебел аз ҷониби  ҶДММ  «Бисот», истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ аз ҷониби ҶСК «Равшан», истеҳсоли асфалту бетон аз ҷониби ҶСП «Заводи асфалту бетон» ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Инчунин дар пойтахт  барои бунёди 4 адад корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли семент, қолинҳо, таҷҳизоти барқӣ ва қубурҳои шишапластикӣ санги асос гузошта шуд.

Зикр гардид, ки ба ҳолати имрӯза дар  пойтахт ба  2306 иншоот энергияи гармӣ интиқол дода шуд, ки 104, 4 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Дар иҷлосия гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои боқимондаи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи  нақлиёти пойтахт амалигардида 4 адад троллейбусҳои муосир (беноқили то 1,5 км ҳаракаткунанда)  аз Ҷумҳурии Беларус харидорӣ ва ба шаҳр  ворид карда шуданд, ки онҳо аз лиҳози бехатарӣ, сифат ва бароҳат интиқол додани мусофирон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Таъкид гардид, ки дар оянда марҳила ба марҳила боз хариди 100 адад троллейбусҳои муосир аз Ҷумҳурии Беларус ба нақша гирифта шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни баррасии масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия  таваҷҷуҳи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ва вакилони халқро ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар 11 моҳи соли 2019 ҷалб намуда, ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии пойтахт дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас вакилон  масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи қарор «Дар бораи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе, барои соли 2020 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2018»- ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Иҷлосия нақшаи буҷети шаҳри Душанберо барои соли 2020 аз рӯйи нишондиҳандаҳои даромад ба маблағи 3 150 495  (се миллиарду 150 миллиону чорсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ муайян намуд.

Ҳамчунин иҷрои буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2018 аз рӯи даромад ба маблағи 2 003 240  675 (ду миллиарду се миллиону ду саду чил ҳазору шашсаду ҳафтоду панҷ) сомонӣ  ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 1 930 663 958 (як миллиарду нуҳсаду сӣ миллиону шашсаду шасту се ҳазору нуҳсаду панҷову ҳашт) сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 72  576 717 (ҳафтоду ду миллиону паҷсаду ҳафтоду шаш ҳазору ҳафтсаду ҳабдаҳ) сомонӣ тасдиқ гардид.

Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳри Душанберо ҷиҳати таъмини иҷрои пурра ва бечунучарои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2020, дарёфти сарчашмаҳои нав ва зиёд намудани даромади буҷет, назорати истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҷамъоварии андозҳо ва таъмини пурраи андозбандӣ, инчунин баланд бардоштани  интизоми андозсупорандагон вазифадор намуд.

Иҷлосия вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи кор бо занон ва оиларо ҳамаҷониба баррасӣ кард.

Зимни он масъулин ва сохторҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати татбиқ ва иҷрои босифати стратегия, барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳо, ки дар соҳаи кор бо занон ва оила қабул гардидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешида,  баҳри фароҳам овардани шароит оид ба татбиқи ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат ва ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон, бахусус оилаҳои осебпазир ва тақвияти сатҳи донишу маърифати онҳо, таҳкими муносибати солим дар оила ва муқовимат ба омилҳои парокандасозии он, пешгирии никоҳи барвақтӣ, фарҳанги бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ ва дигар буҳронҳои номатлуби  иҷтимоӣ миёни занону духтарон, инчунин бо мақсади рушди ҳунармандӣ, ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, фарогирии ҷавондухтарон ба таҳсилоти босифат, ҷалби занону духтарон ба корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, аз ҳисоби онҳо омода намудани мутахассисони кордону ташкилотчӣ ва болаёқат тадбирҳои дахлдор амалӣ намоянд.    

Иҷлосия ҳисоботи раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия ва назорати риояи дастури Маҷлиси вакилони халқро «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум» ба инобат гирифта,   вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо муваззаф намуд, ки бо назардошти натиҷаҳои фаъолият то давраи ваколати вакилӣ ҷиҳати таҷассуми иродаи аҳолӣ, ҳифзи манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ фаъолияти худро   самаранок ба роҳ монанд.

Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки барои вакилони халқ мояи ифтихору сарфарозист, ки дар ин давраи фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ  ирода ва манфиати мардуми шаҳри Душанберо ифода намуда, баҳри рушди босуботи пойтахти мамлакат ва иҷрои қонунҳо дар маҳал корҳои муайяне ба сомон расониданд.

Бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахт корҳои азими созандагӣ роҳандозӣ гардида, шаҳри Душанбе симои худро ба яке аз шаҳрҳои муосиру замонавӣ табдил дод.

Сокинони  шаҳри Душанбе дастовардҳои солҳои охири шаҳрдорӣ ва заҳмати бедареғу софдилонаи вакилонро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани пойтахти Тоҷикистон  медонанд ва онро қадр менамоянд. Раиси шаҳр тазаккур дод, ки дар оғози соли нави 2020 дар мамлакат  як зумра чорабиниҳо, махсусан маъракаи муҳими  сиёсӣ- интихобот гузаронида мешавад ва изҳори боварӣ кард, ки дар ин давра низ фаъолияти вакилон содиқона ва танҳо барои таъмини волоияти қонун, якдилӣ ва ҳамраъйии сокинони пойтахт равона мегардад.

Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабул намудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард. Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба муносибати анҷоми фаъолияти пурсамар акси хотиравӣ гирифтанд.

Декабрь 23, 2019 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст