Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 8-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё /Раванди Истанбул»

Декабрь 10, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар Истанбул Конфронси 8-уми  вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» зери унвони «Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ» доир гардид, ки дар он кишварҳо ва созмонҳои иштирокчии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» ширкат варзиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Ба ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган бо суханрониҳои хеш ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи вазирон сухан гуфта, мавқеи созандаи давлати моро дар таъмини сулҳу субот ва шукуфоии кишвари ҳамсоя таъкид намуда, аз кишварҳои иштирокчӣ, мададрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷиҳати мусоидати бештар дар равандҳои мусбати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даъват намуд.

Конфронс аз натиҷаи баррасиҳо Эъломияи Истанбулро қабул намуд. Бар асоси он раисии муштараки Қалби Осиё/Раванди Истанбул дар соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Ин иқдоми ҷониби Тоҷикистон аз тарафи иштирокчиёни конфронс ҳамовозӣ пайдо намуд.

Дар ҳошияи Конфронс мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хонум Элис Уэллс баргузор гардид. Дар он масъалаҳои вобаста ба муносибат ва ҳамкории ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Акс аз ВК ҶТ

Декабрь 10, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид