Китоби Шераки Ориён таҳти унвони «Марде бо ду зан» пешниҳоди ҳаводорони кино ва каломи бадеъ гардид

Декабрь 20, 2019 09:56

ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе китоби нави Шераки Ориён бо номи «Марде бо ду зан» ба табъ расид, ки он солҳои иншо шуданаш беҳтарин филмномаи Мактаби олии умумиҷаҳонии кинематографистони шаҳри Москва эълон шуда буд.

Яъне замоне, ки муаллифаш дар он ҷо таҳсил дошт. Филми «Марди мутааллиқи ду зан» дар даҳаи навади қарни бист дар кинофестивали Евразия, Франсия, Амрико 4 ҷоиза гирифт. Ҳамчунин дар қитъаҳои Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо дар намоиш буд. Хуллас қариб сӣ сол боз кинои мазкур мухлисони хоссаи худро дорад. Инак бори аввал филмнома бо тарзи пурра дар шакли китоб пешкаши ҳаводорони кино ва каломи бадеъ гардид.

Китоб бо пешгуфтор ва пасгуфтори драманависон ва филмнависони сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла В. Фрид, В. Садченко, И. Ежов ва Евгений Швед мунташир гардидааст. Киношиносон чопи филмномаи Шераки Ориён «Марде бо ду зан»-ро дар ҳаёти фарҳангӣ ва хосса дар ҷодаи киносозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муждаи хушоянд шуморидаанд.

Инчунин имсол аз рӯи филмномаи ин муаллиф дар шабакаи телевизиони “Душанбе HD” вобаста ба рӯзгору оиладории шаҳриён филми бадеӣ бо номи «Насл» рӯи навор омад, ки бинандагонро шефтаю мафтуни худ намуд.

Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз рӯи асари ин муаллиф филми тасвирии «Саргузашти гандум» офарида шуд.

Абдурофеъ Рабизода — адиб, рӯзноманигор, сенариянависи шинохта, ки солҳои охир  бо тахаллуси Шераки Ориён маъруф аст,    сараввал  дар соҳаи адабиёт заҳмат мекашид ва пасон ба кинематография пайваст. Ӯ 7 ноябри соли 1951 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), соли 1986 Мактаби олии кинематографистони Москваро хатм кардааст. Муддате дар Радиои «Тоҷикистон», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикфилм» адои вазифа намудааст. Муассис ва сарвари маҳфили адабии «Зарафшон» буд, ки яке аз доираҳои адабии неруманди мамлакат  эътироф гардидааст.

Адиб узви Конфедератсияи кинематографистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика буда, муаллифи 43 филми бадеӣ ва санадию фалсафӣ мебошад. Барои эҷоди асарҳо 7 ҷоизаи байналмилалиро соҳиб шудааст.

Сабаби ба филмнависӣ рӯй овардани адиб он аст, ки бори нахуст устоди кинематографистони Тоҷикистон Борис Кимёгаров ӯро баҳри  омода намудани филмнома барои фестивали  “Юрмала” ба муҳлати 28 рӯз ба он ҷо  мефиристад.

“Ман баъд аз омода намудани филмнома бо номи “Дӯстонро намефурӯшанд” (аз рӯи повести “Аспи охирин”) баргаштам ва ҳанӯз болои он кор мекардам, ки дар ин муддат устод аз олам даргузашт“,- ба ёд меорад бо таассуф он рӯзҳоро Абдурофеъ Рабизода.

Вале меҳнати сенариянависи бомаҳорат барабас нарафт, зеро филмро коргардонҳо Абдураҳим Қуддус ва Юнус Юсупов рӯи навор оварданд. “Бо ҳамин ман ба кино рӯ овардам ва намедонистам, ки минбаъд кино як ҷузъи зиндагии ман мешавад”,-мегӯяд Шераки Ориён.

Филми “Дӯстонро намефурӯшанд” дар замони Шӯравӣ аз ҷониби 28 мамлакати ҷаҳон харидорӣ гардида буд.

Шераки Ориён, ки бо ному тахаллусҳои Абдурофеъ Рабиев, А. Рабизода, Рофеъи Рабизод, Дарвеши Бохтарӣ, Сайид Муҳаммади Рофеъ ва ғайра эҷод кардааст, муаллифи 68 китоби ба нашррасида (58 адади он ба забони тоҷикӣ ва 10 адад ба русӣ) ва 40 филми ҳунарӣ буда, навиштаҳояш қариб ба чил забони мардуми дунё тарҷумаву чоп шудаанд. Филмҳояш дар кишварҳои зиёди олам ба намоиш гузошта шуда, сазовори ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ гардидаанд.

Иддае аз нигоштаҳои ӯ ба китобҳои дарсии макотиби олии Россия («Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ»), кишварҳои аврупоӣ («Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ) ва якчанд мамолики Шарқу Тоҷикистон («Эҷод чист?  Эҷодгар кист?») ворид шудаанд. Чанде аз китобҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Россия, ба монанди «Молодая гвардия», «Советский писатель», «Художественная литература», «Госкино», маҷаллаҳои «Студенческий меридиан», «Работница», «Дружба», «Советская литература», «Литературная учёба» ва дар зиёда аз 30 китоби дастҷамъӣ чоп шудаанд.

Адиб бо ордени «Шараф» мукофотонида шуда, аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Филмҳои Шераки Ориён, ба монанди «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт» «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр» ва ғайра дар мамлакатҳои ҷаҳон машҳур шудаанд. Ҳамчунин мавсуф  таҳиягар (режиссёр)-и чандин  филмҳо, ба монанди «Помпейи Машриқзамин», «Чакомаи дарахт», «Асрори тоқиҳои Варорӯд», «Зиндагиномаи як инсон» ва ғайра мебошад.

Айни ҳол Шераки Ориён дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар нақша дорад, ки бо номи “Достони меҳанпараст” филми таърихӣ рӯи навор биёрад. Филми мазкур дар бораи Шоҳ Исмоили Сомонӣ қисса мекунад. Умед аст, ки Абдурофеъ Рабизода дар ин ҷода низ муваффақ мегардад.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 20, 2019 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад