Консерти идона дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе
ДУШАНБЕ, 31.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2020 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт шоу-консерти идонаи солинавӣ баргузор гардид. Дар барномаи консертӣ санъаткорони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Сангалӣ Мирзоев, Шабнами Сурайё, Ҳуҷаста Мирзовалиева, Фотима Машрабова, Шуҳрат Сайнаков, Дилшод Файзуллоев, Хайриддин Шарифов, Иззат Шарифӣ, Чоршанбе Аловатов ва дигарон иштирок намуда, бо таронаҳои ҷолиб хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Пеш аз оғози консерти идона муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода Паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт расонид.
Номбурда зикр кард, ки «соли рафта барои хурду бузурги мамлакат воқеан ҳам соли таърихиву бобарор буд. Дар ин сол як қатор иқдомҳои наҷиб амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бисту ҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳи хосса таҷлил намуда, барои ҷашни сазовори 30-солагии он як зумра тадбирҳои муассир роҳандозӣ намудем, ки ба боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистон мусоидат намуд».
Таъкид гардид, ки дар ин сол мардуми заҳматқарину сарбаланди Душанбе бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамин вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд.
Зикр гардид, ки солҳои охир шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоиву дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои зебову замонавӣ касб намуда, ба маркази бузурги баргузории чорабиниҳои умумиҷаҳонии сиёсиву фарҳангӣ табдил гардидааст, ки ҷиҳати боз ҳам шуҳратёр гардидани он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Пас аз табрикоти роҳбарияти шаҳр санъаткорони ҷавону соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ барномаи идонаро идома бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли нави мелодии 2020 ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ба худ симои идона ба бар намуда, бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе марказ ва дигар маҳалҳо ба шаҳри афсонаҳо табдил дода шудаанд.
Баҳри иштирок дар тантанаҳои идона сокинони синну соли гуногун дар марказ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр ҷамъ омада, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат ва оромиву муттаҳидии Ватан фарорасии Соли нави мелодиро таҷлил карданд.
Хотиррасон мешавем, ки чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба фарорасии соли нави мелодии 2020 дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла ноҳияи Шоҳмансур дар майдони 800-солагии Москва, ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар саҳни майдони назди Сирки давлатии Тоҷикистон ва ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт бо иштироки ҳунармандону эҷодкорони пойтахт баргузор шуданд.
Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори фарорасии соли нави мелодии 2020 дар фазои пойтахт мушакпарронии (фейрверки) идона сурат гирифт.








«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид






