Маҳинбону Шарифӣ иштирокдорони Форуми V ташкилотҳои ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ-ро, ки дар Москва баргузор гардид, шодбош гуфт

Декабрь 17, 2019 16:44

ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 12-15 декабри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми V ташкилотҳои ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.

Ҳамоиши  мазкур ба рушди ҳамкории байналмилалии ҷавонон дар фазои ИДМ ҷиҳати густариши иқтидори эҷодӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ ва маънавии насли ҷавон, ҳамоҳангии ҳаракати ҷамъиятии ҷавонон, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии халқҳои давлатҳои аъзои ИДМ равона гардида буд.

Дар маросими ифтитоҳи Форум раиси Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, раиси Шӯрои миллии ассотсиатсияҳои ҷавонон ва кӯдакони Россия Григорий Петушков, раиси Кумитаи кор бо миллатҳои Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Илдар Гилмутдинов, муовини директори Департаменти сиёсати давлатии ҷавонон ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар соҳаи таҳсилоти олии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Россия Виталий Гришкин, сардори Раёсати лоиҳаҳои ҷавонон ва барномаҳои ҷавонони Россия (Росмолодеж) Григорий Гуров, директори Департаменти ҳамкории гуманитарӣ, мушкилоти умумии сиёсию иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Алексей Сазонов, узви Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, узви Кумитаи кор бо ИДМ, ҳамгироии авруосиёгӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Ирек Зиннуров, раиси Зеркумита оид ба корҳои ҷавонони Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, сайёҳӣ ва кор бо ҷавонони Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Наталя Кувшинова, котиби иҷроияи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ Маргарита Сафарова ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони давлатҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуда, ҳайатҳоро шодбош гуфтанд.

Намояндагони ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Ӯзбекистон низ сухани шодбошӣ гуфтанд.

Аз номи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон иштирокчиёни форумро муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Маҳинбону Шарифӣ ва котиби Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони Тоҷикистон Хусрав Бобобеков шодбош гуфтанд (ДАР АКС).

Пас аз қисми расмӣ иштирокчиёни Форум лоиҳаҳои ҳамкории байналмилалӣ ва байниминтақавӣ дар соҳаи сиёсати ҷавононро дар ИДМ муаррифӣ карданд.

Ҳамчунин бо иштироки коршиносони даъватшуда дар мавзӯъҳои «Нақши ҷавонон дар расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар ИДМ», «Ҳифз ва тавсеаи мероси халқҳои давлатҳои аъзои ИДМ» бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, инчунин ҷаласаи стратегӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рӯзномаи рақамӣ» бахшҳои мавзӯӣ баргузор гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Форум бо ташаббуси Шӯрои ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ дар ҳамбастагӣ бо созмони заминавии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, Шӯрои миллии ассотсиатсияи ҷавонон ва кӯдакони Россия ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия ташкил гардидааст. Форуми мазкур чорабинии ҳамасола дар соҳаи таҳкими ҳамкории байналмилалии ҷавонон ва татбиқи сиёсати ҷавонон дар ИДМ буда, тибқи Нақшаи амал барои солҳои 2018 – 2020 дар асоси татбиқи Стратегияи ҳамкории байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2020 баргузор мегардад.

Тибқи қарори Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ аз 15 ноябри соли 2019, Форум соли 2020 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мешавад.

Декабрь 17, 2019 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд