Маркази зиддитеррористии ИДМ 4 ҳазор акси нафарони ба терроризм айбдорро ҷамъоварӣ кардааст

Декабрь 4, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази зиддитеррористии ИДМ 4 ҳазор акси шахсони ба терроризм ва экстремизм айбдоршуда, аз ҷумла, онҳоеро, ки дар амалиёти низомӣ дар хориҷа иштирок кардаанд, дар ихтиёр дорад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора дар мусоҳиба бо ТАСС сардори Маркази зиддитеррористии ИДМ Андрей Новиков хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, беш аз 10 ҳазор нафар бо иттиҳоми ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ ба рӯйхати байнидавлатӣ шомил карда шудаанд, ки беш аз 5 ҳазорашон ҷангҷӯ мебошанд. Қариб 4 ҳазор аксҳои ин афрод ҷамъоварӣ карда шудаанд, ки ин ба таври назаррас кофтуковро осон мекунад»,- гуфт роҳбари Марказ.

А. Новиков зикр кард, ки танҳо соли гузашта бар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи Марказ, даҳҳо нафар муайян ва дастгир карда шуданд. Маълумот дар бораи онҳо ба ташаббускорони ҷустуҷӯ ирсол карда шуда, тадбирҳои истирдод андешида шуданд. Дар маҷмӯъ, аз соли 2015 то 2019 бо дастгирии Маркази зиддитеррористии ИДМ қариб 200 нафар барои содир кардани ҷиноятҳои террористӣ дастгир карда шуда, зиёда аз 300 нафаре, ки дар маблағгузории терроризм иштирок доштанд, муайян гардиданд.

Ташкилотҳои манъшуда

Дар махзани маълумоти махсуси Маркази зиддитеррористии ИДМ пойгоҳи иттилоотии ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкил ёфтааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Россия 31 созмони террористӣ ва 73 экстремистӣ, дар Қазоқистон – 17 созмони террористӣ ва 6 экстремистӣ, дар Қирғизистон 20 созмони ҳамзамон террористӣ ва экстремистӣ, дар Тоҷикистон 18 ташкилоти   террористиву экстремистӣ ва дар Ӯзбекистон 22 ташкилот ҳамчун террористӣ эътироф ва манъ карда шудаанд. «Ҳамзамон бояд зикр кард, ки имрӯз на дар ҳама кишварҳои ИДМ таҷрибаи аз ҷониби судҳо эътироф намудани созмонҳои террористӣ ё экстремистӣ мавҷуд мебошад», — илова намуд Новиков.

Декабрь 4, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид