«МИР» ДАР ХИЗМАТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар «Амонатбонк» трансаксияи* низоми нави пардохтҳо сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 7.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон нахустин амалиёт бо корти «Мир»-и Россия сурат гирифт. Трансаксия дирӯз дар Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» аз ҷониби муовини директори генералии низоми пардохтҳои «Мир»-и ФР Сергей Бочкарев, ки дар Душанбе 6 декабр дар Форуми «Технологияҳои муосири пардохтӣ. Амалияи истифодабарии технологияҳои муосир дар соҳаи молиявӣ» иштирок намуд, гузаронида шуд.
Низоми «Мир»-и Россия охири соли 2018 бо низоми миллии пардохтҳои Тоҷикистон «Корти миллӣ» созишнома ба имзо расонид. Ҳамгироии низом бояд ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ, инчунин рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии ҳар ду давлат мусоидат кунад. Рӯзҳои наздик бонкҳои иштирокдори «Корти миллӣ» ба омодасозии банкоматҳо ва терминалҳои худ барои қабули кортҳои Россия дар қаламрави Тоҷикистон шурӯъ мекунанд.
Ба гуфтаи Сергей Бочкарев, бонкҳои шарики «Корти миллӣ» имкон доранд кортҳои низоми миллии Тоҷикистонро бо замимаи пардохти «Мир» дастрас намоянд. Ин ба дорандагони чунин кортҳо имконият медиҳад, ки онҳоро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Россия, инчунин дар дигар кишварҳои ИДМ, ки дар он ҷо низоми пардохти «Мир» мавҷуд аст, истифода баранд.
«Мир» — низоми миллии пардохтҳои Россия аст. Иштирокдорони он 302 бонк мебошанд, ки қариб ҳамаи онҳо аллакай дар шабакаи дастгоҳҳои худ кортҳои «Мир»-ро қабул карда, хизмат мерасонанд. 159 бонк кортҳои «Мир»-ро бароварда истодаанд. Аллакай 69,7 миллион корт бароварда шудааст. Кортҳо дар хориҷа, аз ҷумла аз ҳисоби барномаҳои ко-бейҷингӣ бо низомҳои байналмилалии пардохт қабул карда мешаванд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Форуми «Технологияҳои муосири пардохтӣ. Амалияи истифодабарии технологияҳои муосир дар соҳаи молиявӣ» ва мавриди амал қарор додани лоиҳаи ҳамгироии низоми пардохтҳои «Корти миллӣ» ва «Мир» дар доираи ҳамкории пурсамари миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Россия гузаронида шуданд.
____________________________________________
*Трансаксия (англ. bank transaction, аз лот. transactio – созишнома, шартнома) — ҳама гуна амалиёт бо истифодаи суратҳисоби бонкӣ.









«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд






