Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо
ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндагони Кумитаи сиёсию амниятии Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи пешрафту дастовардҳои Тоҷикистон ва кӯшишҳои мамлакат дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосири амниятӣ, инчунин имконияти фаровони ҳамкории судманди давлати мо бо Аврупо изҳори назар кард. Муколамаи фарогир тамоми самтҳои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар бар гирифта, пиромуни роҳҳои тақвияту таҳкими василаҳои ба ҳам овардани имконият ва манфиатҳо тамаркуз намуд. Дар ҷаласа табодули афкор атрофи масоили умдаи минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт. Намояндагони Кумитаи сиёсию амниятии Иттиҳоди Аврупо аз ислоҳоту кӯшишҳои Тоҷикистон дар амри тақвияти ҷомеаи пойбанд ба қонун ва демократӣ истиқбол карданд.
Инчунин 11 декабр дар шаҳри Брюссел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ҷозеп Боррелл мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд. Аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ шуд. Мусоҳибон доир ба ҷанбаҳои асосии шарокати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкории минтақавӣ табодули назар доштанд. Гуфтугӯи судманд ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.
Дар вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии робитаҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмидт, ки 11 декабр дар Брюссел баргузор гардид, маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, инчунин мавзӯъҳои мухталифи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ намуда, доир ба ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки 10 декабри соли равон барпо гардид, мубодилаи афкор намуданд.
Аксҳо аз ВКХ ҶТ








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид






