Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия

Декабрь 20, 2019 14:13

ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 19 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи сафари корӣ дар Федератсияи Россия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом доданд.

Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохӯриҳои судманду созанда анҷом медиҳанд.

Чунин вохӯриҳо қаблан дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Челябинск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия бо ҳамватанони муқими кишвари паҳновари Россия доир шуда буд.

Бо гузашти айём имрӯз нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Россия рӯ ба болоравӣ дорад. Дар зиёда аз 70 минтақаи Россия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.

Чунонки аз рафти суҳбат маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтаанд.

Аз ҷумла, зимни сафари расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва 16 апрели соли 2019 дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, донишомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия муҳокима карда шуд.

Зимни суханронӣ дар мулоқоти навбатӣ бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар доираи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, дастовардҳои арзандаи мардум, аз ҷумла ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, амалисозии лоиҳаҳои муҳим ва барномаҳои давлатӣ баҳри рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, татбиқи ҳадафҳои чор самти асосии стратегӣ — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои таълиму тарбияи насли наврас ва рушди зерсохтори хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, ҳамасола муассисаҳои таълимии нав ба истифода дода мешаванд.

Дар панҷ соли охир садҳо беморхона, дармонгоҳ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки соли оянда дар ҳаёти сиёсии мамлакат як қатор чорабиниҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дигар мақомоти дахлдор дастур доданд, ки барои таъмин намудани раванди овоздиҳии бемамониати шаҳрвандони бурунмарзиамон дар маъракаҳои интихоботии соли оянда тадбирҳои муассир андешанд.

Оид ба вазъ ва сатҳи муносибатҳои шарикӣ бо Федератсияи Россия андешаронӣ карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ бо Россия доир ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳайси яке аз мавзӯъҳои муҳими музокироту гуфтушунидҳои роҳбарияти олии ҷонибҳо боқӣ мемонад.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷанбаҳои мухталифи ин масъала, бахусус, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Аз ҷумла, дар ҳошияи музокироти сатҳи олии моҳи апрели соли 2019 Созишнома  дар хусуси ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии мо ба Федератсияи Россия ба имзо расид. Мавриди иҷро қарор гирифтани ин санад барои беҳбуд бахшидан ба шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия муҳим мебошад.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар баробари ин, дар ҳар як вохӯрии ҷонибҳо мавзӯъҳои вобаста ба содагардонии гирифтани патенти корӣ, тартибу муҳлати бақайдгирӣ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо ба миён гузошта мешаванд.

Дигар мавзӯи марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намудани маъракаи такрории “авфи муҳоҷиратӣ” мебошад, ки он низ зимни суҳбати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳтарам Владимир Путин матраҳ гардида буд.

Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла Сафорати Тоҷикистон дар Москва супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ин масъаларо ҷиддан пайгирӣ намоянд.

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, даъват ба амал оварда шуд, ки аз қонунгузории ин кишвар ва қоидаҳои ба расмият даровардани будубоши худ дар қаламрави он воқиф гарданд.

Айни ҳол Тоҷикистон бо 83 субъекти Россия дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисод, аз ҷумла дар арсаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ ҳамкории гуногунҷанба ба роҳ монда, онро рушд медиҳад.

Садҳо намояндагони давлати мо дар муассисаҳои пешбари таҳсилоти олии ин шаҳр таълим гирифта, дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон саҳми шоёни худро гузоштаву мегузоранд.

Шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҳавзаи федералии шимолу ғарб то се ҳазор нафар, аз ҷумла дар донишгоҳҳои шаҳри Санкт — Петербург ба зиёда аз ҳазор нафар мерасад.

Вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири таҳдиду хатарҳо ба амнияти мамлакат ва эмин нигаҳ доштани муҳити ҳамватанони бурунмарзӣ аз таблиғоти созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикистониён дар Россия даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз воситаҳои мавҷуда корҳои маърифативу фаҳмондадиҳиро миёни шаҳрвандони мо васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирӣ кардани шомилшавии онҳо ба гурӯҳу ҳаракатҳои ҷиноятпеша ҳадафмандона талош варзанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба корҳои маърифатпарварӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши илму техника ва азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир диққати махсус дода шавад.

Вобаста ба рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забон ва фарҳанги миллӣ, анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва арҷгузорӣ ба хотираи шахсиятҳои барҷастаи миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон тайи солҳои охир номинатсияҳои “Шашмақом”, “Наврӯз” ва “Чакан — санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Чанде пеш қарори ин сохтори Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси соли оянда ҷашн гирифтани 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид  шуда буд, қабул гардид.

Аз ин рӯ, аз ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикони Россия даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯҳияи худшиносиву ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба анъана ва фарҳанги ниёгон дар тарбия кардани насли наврас нақши бориз дошта бошанд.

Дар ин масир, ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия бояд дар баргузории мунтазами чорабиниҳои милливу фарҳангии кишварамон, аз қабили ҷашни Наврӯз, Сада, Меҳргон, инчунин маҳфилҳои шеъру суруд фаъолтар бошанд.

Дигар самти ташвиқи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва ҳифзи ҳувияти миллӣ роҳандозии нашри маҷаллаву рӯзномаҳо, таъсиси шабакаҳои телевизион, радио ва интернет дар қаламрави Россия мебошад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо кӯшишҳои якҷоя дар роҳи шукуфоии Ватани аҷдодиамон дар оянда низ ба дастовардҳои нав ба нав ноил хоҳад шуд.

Мулоқот бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия 20.12.2019

Декабрь 20, 2019 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд