Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми ёвари Котиби давлатии ИМА
ДУШАНБЕ, 11.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар ҳошияи Конфронси 8-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» зери унвони «Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини якуми ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ сафир Элис Уэллс доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла машваратҳои дуҷонибаи дарпешистодаи солона миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими сарҳад ва ҳамкорӣ дар доираи абзорҳои минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио мулоқот намуд
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд






