Намоиши «Рӯдакӣ» ба хотираи неки композитор Шарофиддин Сайфиддинов бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши операи «Рӯдакӣ» баргузор мегардад. Операи мазкур ба хотираи неки композитор Шарофиддин Сайфиддинов бахшида мешавад.
Тавре Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низом ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, операи «Рӯдакӣ» ба қалами Арбоби ҳунари Тоҷикистон Шарофиддин Сайфиддинов тааллуқ дошта, бо ташаббуси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба саҳна гузошта мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, баъди намоиши опера лекторияҳои мусиқӣ ва барномаи консертӣ аз эҷодиёти Шарофиддин Сайфиддинов сурат мегиранд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, композитор Шарофиддин Сайфиддинов аз соли 1962 то 1986 сарварии Иттифоқи композиторони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Тӯли фаъолияти корӣ барои тарбияи ҷавонони боистеъдоду эҷодкор неруи зиёд сарф ва таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар тӯли фаъолияташ ӯ бо истеъдоди фавқулодаи хеш дар мусиқии касбии тоҷик мактаби хешро ба вуҷуд овард, ки дар заминаи ин мактаби бонуфуз анъанаҳои беҳтарини фарҳанги тоҷик эҳё гардиданд.
Эҷодиёти Шарофиддин Сайфиддинов бисёржанра мебошад. Операҳои «Пӯлод ва Гулрӯ», «Рӯдакӣ», «Айнӣ», сурудҳои «Республикаи ман», «Дили Душанбе», «Авҷи зуҳал», «Сомониёнем», «Қасидаи Ватан», «Наврӯз», «Ду ишқу ду зебоӣ», «Зафар ва Заррина», «Дили шоир» ва чандин суруду асарҳои симфонӣ ва камеравӣ-созии эҷодкардааш ба композитор шӯҳрату маъруфияти баланд овардаанд.
Шарофиддин Сайфиддинов аз зумраи он композиторони тоҷик аст, ки дар радифи дигар саромадони мусиқии касбии тоҷик яке аз аввалинҳо шуда, ба кинематография рӯ овардааст. Ӯ нисбат ба мусиқӣ барои театр таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, якчанд драма ва мазҳакаҳои мусиқӣ эҷод кардааст, ки то имрӯз дар театрҳои ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд.
Барои эҷоди сурудҳои «Республикаи ман», «Қасида ба ҳизб» ва достони вокалӣ-симфонии «Оҳиста, Сталинград!» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.
Суруди «Республикаи ман» беш аз 50 сол аст, ки садо медиҳад ва имрӯз низ шунавандаи худро дорад.
Шарофиддин Сайфиддинов тамоми эҷодиёташро ба ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ равона намудааст.








Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд






